Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даври таппаку ҳезум гузашт." Биогаз вориди зиндагии рустоиёни Тоҷикистон мешавад


Ғалатмо Алиева мегӯяд, сифати зиндагии хонаводаи онҳо дигар шуд
Ғалатмо Алиева мегӯяд, сифати зиндагии хонаводаи онҳо дигар шуд

Дар деҳоти Тоҷикистон як таҷрибаи ҷолиберо ба роҳ мондаанд, ки сифати зиндагии хонаводаҳоро дигар кардааст. Дастгоҳи тавлиди гази биологӣ ё биогаз, ки дар ҳавлии даҳҳо сокини маҳаллӣ гузошта шуд, бо коркарди поруи гов ба парвариши меваву сабзавоти экологӣ ва таъмини ошхонаҳо бо газ мусоидат мекунад.

Як чунин манзиле дар 20-километрии шаҳри Душанбе дар деҳаи Файзбахши шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст. Дар ҳавлии Миралӣ Алиеви 67-сола як дастгоҳи ғайриоддие гузошта шудааст, ки дар назари аввал як кӯрпаи ғафси пластикиро мемонад. Ин биореактор аст. Дар дохили он ҳамарӯза як ҷараёни мураккаби кимиёӣ мегузарад, яъне пору ба биогаз табдил мешавад. Ин мавод ҷои ҳезуму таппакро иваз кардааст, ки сокинон бо истифода аз онҳо ғизо таҳия мекунанд.

Муаллифон: Наргис Ҳамробоева, Азаттик Азия

Дастгоҳи истеҳсоли биогаз, ки дар хонаводаи онҳо ҷойгир шудааст, инак ним сол аст фаъолият мекунад ва мушкили се насли хонаводаро осон кардааст. Худи Миралӣ Алиев мегӯяд, дар аввал ба ин дастгоҳу ҳунари он бо шубҳа менигарист, вале ҳоло мегӯяд, ки дигар зиндагии хонаводаашро бидуни он тасаввур карда наметавонад.

Се насли Алиевҳо
Се насли Алиевҳо

Ӯ мегӯяд, “вақти зиёди мо сарфа мешавад. Пештар тамоми рӯз кор тайёр кардани таппак буд, ҳоло маводро ба дохили биореактор ҷой мекунем, онро ба кор медарорем ва биогаз мегирем. Кори мо ним соат дар рӯз аст, тамом”.

Ҳамсараш Ғалатмо Алиеваи 65-сола мегӯяд, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки занҳои ин хонадон аз меҳнати сангини дастӣ халос шуданд.

Ба ҳисоби ин хонавода, то замони дар хона пайдо шудани биорекатор, занҳо соле то 3-4 ҳазор адад таппак тайёр мекарданд ва ин маҳсулоти бисёр муҳим дар таҳияи хӯроку нон буд.

Донишмандон мегӯянд, ҷудо аз кори сангине, ки таҳияи ин маҳсулоти табиии сӯзишворӣ талаб мекунад, дуди оташи он ба саломатии инсон ва муҳимти зист зарар дорад. Ғайр аз ин, худи поруи гов боиси бесамар шудани замин ва кам шудани маҳсулнокии он мешавад.

Алиевҳо панҷ фарзанд ва чор набера доранд ва дар гузашта ҳамаи аъзои оила рӯзи дарозро ба ҷамъоварии ҳезуму таҳияи таппак сарф мекарданд. Ҳоло вазъ дигар шудааст.

Реактори биогаз дар ҳавлии Алиевҳо
Реактори биогаз дар ҳавлии Алиевҳо


Дастгоҳи биогаз чӣ гуна кор мекунад?

Дар ҳавлии Алиевҳо се сар гов ҳаст ва поруи он барои таҳияи биогаз ҳамеша омода мебошад. Ҳар субҳ Илҳом – набераи ин хонадон 30-35 кг поруро бо 70 литр об омехта мекунад. Риояи ин меъёр бисёр муҳим аст. Маводи омодашударо баъдан ба дастггоҳ ворид мекунанд ва он бо лӯлаҳо ба дохили биорекатор медарояд. Ним соат кори Илҳом дар ҳамин ҷо ба анҷом мерасад ва ӯ ба дарси донишгоҳаш мешитобад.

Дар ин байн дар дохили биореактор ҷараёни ҷӯшиши табиӣ мегузарад. Поруву оби омехташуда вайрон шуда аз он биогаз ба вуҷуд меояд. Дастгоҳ то нисф пур мешавад ва барои эҷоди газ шароити муносиб фароҳам мешавад.

Гази истеҳсолшуда аз стабилизатор ва полоиш гузашта бо лӯла рост ба ошхона меравад. Бо ин газ мешавад чой ҷӯшонд, хӯрок пухт ваё барои шустушӯи зарфҳо об гарм кард.

Баъди коркард ҳам як маҳсулоти фоидаовари дигаре мемонад, ки он нурии табиии минералӣ мешавад. Он бо лӯлаи ҷудогонае ба захирагоҳи махсус ворид мешавад. Он обакӣ ва ғанӣ аз маводи фоидаовар барои парвариши меваву сабзаҷот аст.

Илҳом ҳар субҳ биоректорро бо поруи обакӣ пур мекунад
Илҳом ҳар субҳ биоректорро бо поруи обакӣ пур мекунад

“То ҳол тарбузча мерӯяд”

Ҷамшеди 41-сола, писари Миралӣ Алиев ин нуриро дар порчаи замини худ истифода мекунад. Ин ҷо картошкаву сабзиву бодирингу помидорро ҳам барои хонавода ва ҳам барои фурӯш парвариш мекунанд. Ба гуфтаи Ҷамшед, дар гузашта соле то як тонна нуриҳои минералиро мехарид.

Ба гуфтааш, имсол онҳо танҳо 200 кг нурӣ хариданд ва 4800 сомониро сарфа намуданд. Ҷамшед мегӯяд, мушоҳидаҳои ӯ нишон медиҳад, ки на танҳо хароҷот кам ва вақт сарфа шуд, ҳоло сифати маҳсулоти парваришии онҳо ҳам хеле беҳтар шудааст. Ба гуфтааш, “мавсими тарбуз кайҳо тамом шудааст, вале замин, ки пур аз нуриҳои минералии хуб аст, то ҳол тарбузҳои хурду ширин мерӯянд. Яъне замин серҳосил аст”.

Кӯмаки UNDP

Тарҳи таъмини хонаводаҳо бо биореакторҳоро соли 2024 Дафтари рушди СММ (UNDP) ба таври таҷрибавӣ дар чанд ноҳия, асосан дар вилояти Хатлон, ба роҳ монд. Ҳоло 37 биореактор амал мекунад.

Сӯҳроб Рауфов, намояндаи UNDP мегӯяд, “вақте мо ин тарҳи таҷрибавиро ба роҳ мемондем, чандин паҳлуяшро ба эътибор гирифтем. Занҳову кӯдакон дар деҳот соатҳои дароз ба таҳияи таппак машғул мешаванд. Ин ҳам ба саломатии онҳо зарар дораду ҳам муҳитро олуда мекунад. Мо хостем, ки онҳоро аз ин кори сангин халос кунем, сифати хоки заминро боло барем ва ҳам ба хонаводаҳо ёрии иқтисодӣ расад, чун нуриҳои барзиёди минералиро онҳо метавонанд ба ҳамсояҳо ва деҳқонони дигар фурӯшанд”.

Мудири тарҳи кишоварзӣ Абдуҳабиб Охунҷонов мегӯяд, ки биореакторҳо навъҳои мухталиф доранд ва аз ҳама дастрасу муносибаш “Система 6” аст. Барои кори он доштани ду-се сар гов дар хона кофӣ аст. Навъҳои бузургтараш барои кори фермаҳои калон мувофиқат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як хонаводае, ки дар ин тарҳ ҷалб шудааст, пеш аз истифодаи дастгоҳ омӯзиш мебинад.

Ҷамшед аз заминаш тарбузча мечинад
Ҷамшед аз заминаш тарбузча мечинад

Хонаводаи Алиевҳо “Система 6”-и худро бо 28 800 сомонӣ (муодили каме бештар аз 3 ҳазор доллар) харидааст. Ба ин пул насби дастгоҳ, машварат ва ҳам пардохти таъруфаи гумрукӣ дохил мешавад.

10% ҳаҷми маблағро Алиевҳо ва боқимондаашро UNDP пардохт кардаанд. Дастгоҳ истеҳсоли Ҳинд аст ва даҳ сол кафолати корӣ дорад.

Охунҷонов мегӯяд, ки хароҷоти хариди дастгоҳ баъди ним сол бароварда шуд, чунки пули хонавода аз ҳисоби коҳиши харҷи сӯзишворӣ ва истифодаи нуриҳо сарфа мешавад.

Акмалҷон Насруллоев, муовини раиси ширкати “Нексигол Мушовир” мегӯяд, биогаз барои кам кардани партовҳо ва пешгирӣ аз буриши дарахтон мусоидат мекунад, чунки зарурати истифодаи ҳезуму ангишт намемонад.

Ӯ мегӯяд, сифати нуриҳои табиии ҳосилшударо ҳам омӯхта, ба хулосае омадааст, ки “он ғанӣ аз маводи фоиданок буда маҳсулнокии заминро боло мебарад”.

Сӯҳроб Рауфов изҳори умедворӣ кард, ки ин тарҳ метавонад дар саросари Тоҷикистон татбиқ шавад, то ки ҳама сокинони деҳот аз он баҳра баранд.



XS
SM
MD
LG