Полиси Аврупо ё Европол хабар дод, ки рӯзи 31-уми октябр дар амалиёти густардаи зидди зархаридони ҷанги Украина 654 узви ширкатҳои нимаҳарбии Русияро боздошт кардааст. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.
Европол дар изҳороте гуфт, полиси Молдова ва Украина бо ёрии тими Европол дар ду марҳила ва бомуваффақият амалиёти зидди зархаридонро анҷом додаанд. Дар натиҷаи он даҳҳо зархариде шиносоӣ ва дастгир шуданд, ки дар ҷанги Украина аз тарафи Русия иштирок мекарданд.
Дар ин амалиёт инчунин мутахассисони Европол дар умури интернет ҷалб шудаанд ва рафтору амали гумонбаронро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди тафтиш қарор доданд.
Ба иттилои полиси Украина, аз замони ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 то имрӯз, яъне ҷанги васеъмиқёси Русия дар хоки Украина, гурӯҳҳои хусусии нимаҳарбии “Вагнер”, “Редут”, “Аҳмад”, “Патриот” ва “Тсарские волки” зархаридони худро барои иштирок дар ин ҷанг сафарбар кардаанд.
Европол навиштааст, аз 654 боздоштшуда 280 нафар шаҳрвандони Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Боснияву Ҳерсоговина мебошанд. Ин афрод, ба бовари полиси Аврупо, дар содир кардани ҷиноятҳои ҷангие ба мисли хушунати ҷинсӣ, қатли асирони ҷанг ва куштори шаҳрвандони осоишта гумонбар ҳастанд.
Масалан, танҳо дар рӯзи 29-уми октябр ходимони полис 70 манзили зистро дар қаламрави Украина ва Молдова кофтукоб кардаанд. Дар натиҷаи ин амалиёт, аслиҳаи оташфишон ва силоҳҳои сард, муҳимот, либосҳои ҳарбӣ, рамзу аломатҳои ширкати “Вагнер” ва дастгоҳҳои электронӣ ошкор ва мусодира шудааст.
Алёна Лютнитска, намояндаи расмии полиси Украина дар гузориши видеоӣ гуфт, Русия тавонистааст дар 20 кишвар “шабакаи ҷалби зархаридонро созмон диҳад”, ҳарчанд дар аксари ин кишварҳо барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ то 15 сол ҳабс ва ҳатто ҳукми зиндони абад пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, “шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, Балкан ва Қафқози Ҷанубиро бо ваъдаи пул, афв ё тақдими шаҳрвандии Русия” барои иштирок дар ҷанг “дилгарм мекунанд”.
Геннадий Гуков, як мақомдори полиси Украина гуфтааст, шабакаҳои зархаридони хориҷӣ дар асл “як барномаи танзимшудаи давлатӣ мебошад” ва Русия метавонад ин шабакаро барои истифода дар “амалиёти омехта (гибридӣ), ҳамлаҳои террористӣ ва талоши бесуботсозии минтақаҳо” дар Аврупо ҳам истифода кунад.
Гуков гуфт, дар пайи таҳқиқи мӯшикофона ходимони полис маълум кардаанд, ки ҳар гумонбар “донандаи тамосҳову шабакаҳо ва роҳҳои иртибот ва ҳамоҳангсозии миёни зархаридон” мебошад. Онҳо бо ҷамъоварии маълумот аз зиндонҳо ҳам машғул буда, бо ваъдаи пули ҳангуфт бо ҷалби шаҳрвандон ба ҷанг машғул мешаванд.
Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз ба натиҷаҳои амалиёти полиси Аврупо вокуниш накардаанд, вале дар гузашта ҳам хабарҳоро дар бораи омори ширкатдорони ҷанг дар Украина бе шарҳ гузоштаанд.
Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода соли 2023 ба хабарнигорон гуфта буд, ки тақрибан 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шудаанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати сеюним соли ҷанг ҳеч додгоҳи ин кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.