Владимир Упадишев, сокини 49-солаи шаҳри Головинскии Маскав ба он айбдор мешавад, ки зани 30-солаи тоҷикро бераҳмона кушта, амволашро нобуд кардааст.
Ин мардро рӯзи 24-уми сентябри имсол пас аз се рӯзи ҳодиса боздошт карда буданд.
Тибқи фарзияи тафтишот, ин мард рӯзи 21-уми сентябри имсол Ҷамилаи Нурзоди 30-соларо, ки дар ошхонае кор мекард, барои тамиз кардани манзили зисташ киро кардааст. Зан ифлосии хонаро дида, аз тоза кардани он даст мекашад, вале ин мард ба ғазаб омада ба руй ва бадани ӯ бо печтоб ё отвёртка зарба мезанад. Вақте Ҷамила беҳуш мешавад, Упадишев барои руйпуш кардани ҷинояташ хонаро оташ задаву дарро баста гурехтааст.
Ҳамсояҳо дуди хонаро дида, сӯхторнишонҳоро даъват намудаанд.
Ҷамиларо ба беморхона мебаранд, аммо ӯ вафот мекунад.
Онҳое, ки Ҷамиларо мешинохтанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муноқиша ва муқовимат байни ӯ ва ин мард баъди он сар задааст, ки Упадишев мехостааст, ба номуси зан дастдарозӣ кунад.
Ҳоло ҷасади Ҷамила дар сардхона буда, муҳоҷирони тоҷик талош доранд, барои фиристодани тобути ӯ ба ватан маблағ ҷамъоварӣ намоянд. Аз Ҷамила дар Тоҷикистон як писарчаи хурдсол боқӣ мондааст.
Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.
Тибқи омори расмӣ дар шаш моҳи аввали имсол наздик ба 600 ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҳавопаймо аз Русия ба ватан оварда шудаанд.
Гуфтугӯ