Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Молдив бозӣ мекунад.
Ин бозии гурӯҳи «А» 14-уми октябр дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович, мутахассиси сербиягӣ, дар нишасти матбуотӣ, ки пеш аз бозӣ бо Молдив рӯзи 13-уми октябр доир гардид, ба хабарнигорон гуфт, “мо ба бозӣ бо тамоми ҷиддият менигарем. Молдив дар ду соли охир бори аввал дар майдони худ бозӣ хоҳад кард ва ин, бешубҳа, ба ангезаи онҳо мусоидат мекунад. Мо инро мефаҳмем. Дар футбол бозии осон нест, махсусан бозиҳои сафарӣ. Мо муқобили Молдив танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароем. Рақобати аввалро таҳлил кардем ва шояд баъзе ислоҳот ворид кунем.”
Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “А” 14-уми октябр тими миллии Филиппин дар майдони худ бо дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум қарор доранд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:
Даври якум
Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0
Гол: Ваҳдат Ҳаннонов, 3
25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.
Филиппин – Молдив - 4:1
Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бйорн Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)
Даври дуюм
Филиппин – Тоҷикистон – 2:2
Голҳо:Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).
10-уми июн. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити. 10 854 тамошобин.
Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0
Гол: Ҷоао Педро, 45
Даври сеюм
Тимори Шарқӣ – Филиппин – 1:4
Голҳо: Гали Фрейтас, 47 (1:0),Бйорн Кристенсен, 15 (1:1). Бйорн Кристенсен, 31 (1:2). Бйорн Кристенсен, 49 (1:3). Бйорн Кристенсен, 56 (1:4).
9-уми октябр. Дарвин. Territori Rugby League Stadium
Тоҷикистон – Молдив – 2:0
Голҳо: Шаҳром Самиев, 8 (1:0), Шервонӣ Мабатшоев, 30 (2:0)
9-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5250 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | Тоҷикистон | 3 | 2 | 1 | 0 | 5-2 | 7 |
2 | Филиппин | 3 | 2 | 1 | 0 | 10-4 | 7 |
3 | Тимори Шарқӣ | 3 | 1 | 0 | 2 | 2-5 | 3 |
4 | Молдив | 3 | 0 | 0 | 3 | 1-7 | 0 |
Даври чорум
14-уми октябр (сешанбе)
15:30 - (бо вақти Душанбе) - Молдив – Тоҷикистон
Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив
16:00 (бо вақти Душанбе) - Филиппин – Тимори Шарқӣ
Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити