Додгоҳи ноҳияи Мурғоб як сокини ноҳияро барои гузоштани ”лайк” ё писандидани як навишта дар саҳифаи “Pamir Inside” дар Фейсбук чанд ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар қарори додгоҳ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, омадааст, ки Фарҳод Бекови 47-сола ба ширкат “дар фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, ё фаъолияташон манъ аст”? гунаҳкор дониста шуд. Фарҳод Бековро барои он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд, ки рӯзи 10-уми сентябр як навиштаи саҳифаи “Pamir Inside”-ро маъқул донистааст.
Мазмуни навиштаро, ки рӯзи 9-уми сентябр ба муносибати рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ба забони русӣ гузоштаанд, дар қарори додгоҳ чунин тарҷума кардаанд: “34 сол пеш мамлакати мо тасодуфан истиқлолият ба даст овард. Мо ихтилофҳои дохилӣ, ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардем ва имрӯз дар шароите зиндагӣ дорем, ки ватан дар дасти як оила аст. Аммо бо вуҷуди ҳама ихтилофҳо, дарду беадолатиҳо Тоҷикистон - ватани мо боқӣ мемонад. Мо боварӣ дорем, ки рӯзе фарор мерасад, ки ҳақиқатан озод шуда, истиқлолияти ҳақиқӣ ба даст меоварад, хонаи умумии ҳамаи шаҳрвандон мешавад.”
Ба қавли додрас, ин навишта таҳқиромез ва бо мақсади таҳқиру паст задани мақомоти давлатӣ, ба вуҷуд овардани нобоварӣ дар миёни ҷомеа аст ва “лайк” гузоштани Фарҳод Беков зери он ба маънии тарафдорӣ аз “Pamir Inside” аст.
“Pamir Inside”, ки як расонаи интернетӣ аст, асосан таҳаввулот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва паёмадҳои нооромиҳои солҳои 2021-2022 ва бахусус тазоҳуроти олуда ба хунрезӣ дар Хоруғ ва Рӯшонро инъикос мекунад.
Ба гуфтаи додрас, азбаски “Pamir Inside” “тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст”, амалкарди Фарҳод Беков қонуншикании маъмурӣ ба ҳисоб меравад.
Ончи ки дар ин қарор ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ин аст, ки Фарҳод Беков зери навишта рӯзи 10-уми сентябр лайк гузоштааст ва ӯро рӯзе баъд, яъне 11-уми сентябр муҳокима кардаанд. Назари худи гумонбар ба қонуншиканӣ маълум нест, вале дар қарори додгоҳ омадааст, ки Фарҳод Беков “ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, аз кардааш сидқан пушаймон аст”.
Бар асоси қарори додгоҳ, акнун Фарҳод Беков бояд ба фоидаи давлат 5250 сомонӣ ва ё бештар аз 500 доллар ҷарима бипардозад. Аммо қарори додгоҳ ҳанӯз ҳукми эътибор нагирифтааст ва то рӯзи 21-уми сентябр ӯ ҳақ дорад, ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Шояд Фарҳод Беков, аз аввалин касонест, ки барои “лайк” гузоштан зери навиштаҳои мухолифони давлат, ки ё расонаҳои онҳо, тундгаро эълон ва манъ шудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ҷарима мешавад.
То моҳи майи имсол дар Тоҷикистон барои ин кор ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашиданд. Аз соли 2018 бар асоси қонун дар кишвар барои дуруст шуморидан ва ё тавҷеҳи ифротгароӣ ва терроризм ва ё “сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет” ҷазои сахте таъйин шуд ва бештар аз 1500 нафарро барои “лайк” ва ё паҳн кардани навор ва ё навиштаҳои дорои муҳтавои ифротгароӣ паси панҷара фиристодаанд.
Баъди танқиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сӯистифодаи ин банди Кодекси ҷиноӣ порлумони кишвар ин банди кодексро аз байн бардошт, вале онҳое, ки бар асоси банди мазкур ҷазо гирифтаанд, ҳамчунон дар зиндон ҳастанд.
Теъдоде ҳам барои он паси панҷара рафтаанд, ки навиштаҳои мухолифони давлат аз "Паймони миллии Тоҷикистон", Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва "Ислоҳнет"-ро ба дигарон фиристодаанд ва лайк гузоштаанд.
Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳам пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои ин кор ва маҳдуд кардани озодии сухан ва ё ҳуқуқи мазҳабӣ танқид карда, хостаанд, ки ба ин таҷриба поён диҳад.
Гуфтугӯ