Озодии ин рӯзноманигор бахше аз тарҳи раҳоии зиндониёни сиёсии Белорус дар авҷи беҳбуди робитаҳои ин кишвар ва Амрико аст.
Лосик рӯзи 11 сентябр ҳамроҳ бо 51 нафари дигар, чанд соат пас аз тарки зиндон дар шимоли Белорус, вориди Литва шуд.
Стив Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар баёнияе аз Вилнюс, пойтахти Литва гуфт, "мо аз президент Доналд Трамп барои озодии яке дигар аз хабарнигорони шуҷои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки ноодилона аз сӯи мақомоти Белорус боздошт шуда буд, бисёр сипосгузорем".
Ӯ аз нақши Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА, Ҷон Колл, фиристодаи вижа, ҳукумати Литва ва Анҷумани озодии матбуот барои "ҳимояти давомдори онҳо аз рӯзноманигорони зиндонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ", қадрдонӣ кард.
Капус афзуд, "Игор ранҷ ва азобҳои зиёд кашид, зеро рӯзноманигоре буд, ки барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ кор мекард. Ин марҳилаи ранҷи тоқатфарсо ва комилан ноодилонаи ӯ, ки беш аз панҷ давом кард, саранҷом ба поён расид".
Лосики 33-сола моҳи декабри соли 2020 ба иттиҳоми "созмондиҳии шӯриш, ширкат дар нооромиҳои густурда, барангехтани нафрати иҷтимоӣ" ва чанд иттиҳоми номаълуми дигар дар иртибот бо нооромиҳои пас аз интихоботи президентии ҷанҷолӣ дар августи соли 2020, ба 15 сол зиндон маҳкум шуд.
Худи Игор Лосик, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо эълон карда буданд, ки ин иттиҳомҳо ангезаи сиёсӣ доранд.
Озодии Игор Лосик пас аз он сурат мегирад, ки Доналд Трамп рӯзи 15 август бо Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Белорус тамос гирифт, то аз ӯ барои озодии зиндониён дар моҳи июн, ташаккур кунад.
Ин нахустин бор буд, ки як раисҷумҳури дар қудратбудаи Амрико тайи 31 соли ҳукумати Лукашенко дар Белорус, мустақиман бо ӯ тамос мегирифт. Трамп ин тамосро "бисёр хуб" гуфт ва афзуд, ки дар мавриди озодии зиндониёни бештар сӯҳбат шудааст.
Дар моҳи феврал Андрей Кузнечук, хабарнигори дигари бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ пас аз беш аз се сол зиндон бо чунин иттиҳом, озод шуд.
Игор Лосик, ки барои бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ кор мекард, дар пеш аз панҷ соли зиндон, дар инзиво қарор дошт ва фишорҳои зиёди ҷисмӣ ва равонӣ дид.
Тақрибан дар ду соли ахир аз ӯ хабаре набуд, то ин, ки дар моҳи январ дар як барномаи таблиғотии теливизиони давлатии Белорус, рӯзноманигори зиндонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро муқобили дурбин нишонданд ва онҳоро ба "талош барои ба оташ кашидани Белорус", муттаҳам карданд.
Дар соли 2020 даҳҳо ҳазор нафар дар эътироз ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки нозирони байналмилалӣ онро "тақаллубӣ" медонистанд, ба кӯчаҳо баромаданд.
Нерӯҳои амниятии Белорус бо саркӯби ваҳшиёна, ба ин эътирозҳо вокуниш нишон доданд ва беш аз 30 ҳазор нафарро дастгир кардаанд, ки бисёре аз онҳо аз шиканҷа ва бадрафторӣ дар даврони боздошт хабар доданд.
Ин саркӯб аксари сиёсатмадорони мухолифро бинобар тарс аз амният ва озодии худ, маҷбур ба тарки Белорус кард.
Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ аз ба расмият шинохтани натиҷаҳои интихоботи соли 2020 худдорӣ карданд ва Лукашенкоро раҳбари машруи ин кишвар намедонанд.
Лосик бештари даврони ҳабси худро дар зиндони Наваполатск гузаронд. Ҷойе, ки ба муддати якуним сол, ҳукумат ҳар гуна иртибот бо хонаводаро қатъ карда буд.
Тибқи гуфтаҳои зиндониён собиқ, Лосик аксаран бо фиристода шудан ба утоқҳои инфиродӣ, ҷазо дода мешуд.
Ҳар чаҳор вакили дифои Лосик ё кишварро тарк кардаанд ё иҷозатномаи вакилиашон бекор шудааст.
Гуфтугӯ