Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Шаҳобиддини Шуҷоъ ба президенти Тоҷикистон


Акси Шаҳобиддини Шуҷоъ аз саҳифаи фейсбукии "Шеъри муосири Тоҷикистон ва Афғонистон"
Акси Шаҳобиддини Шуҷоъ аз саҳифаи фейсбукии "Шеъри муосири Тоҷикистон ва Афғонистон"

Шаҳобиддини Шуҷоъ, як адиби тоҷик ва собиқ мудири чопхонаи "Деваштич" дар як муроҷиаташ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ба парвандаи ӯ дахолат карда бигузоранд аз Аврупо ба ватан баргардад.

Шаҳобиддини Шуҷоъ аз он нигарон аст, ки дар Тоҷикистон ӯро дар тундгароӣ гумонбар медонанд ва дар сурати бозгашташ ба ӯ ҳабсу зиндон таҳдид мекунад. Ин адиби 64-солаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки мегӯяд сахт бемор аст, баъди марги ҳамсараш дар ғурбат ҳолаш хуб нест ва мехоҳад ба Тоҷикистон баргашта зиндагии осудае дошта бошад.

Шаҳобиддин Шуҷоъ дар номаи худ ба унвонии президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки се сол қабл Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо моддаи 307, яъне «тундгароӣ» парванда боз кард ва ин чиз монеи баргаштанаш ба ватан шудааст.

Шаҳобиддини Шуҷоъ рӯзи 16-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шароити тангу кори сиёҳ ва танҳоӣ дар Лаҳистон дилгир ва бемор шудааст. Вай афзуд, дархосташро ба унвонии президенти Тоҷикистон тавассути сомонаи раиси ҷумҳурӣ фиристодааст ва мунтазири посух мебошад.

«Сабаби боз шудани парванда нисбати банда нашри чанд китобе буд, ки ба сиёсати ҳукумат носозгор набуданд, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ. - Банда ошкоро ва покдилона иқрор мекунам, ки дар нашриёт аз саҳлангорӣ китобҳоеро ҳам ба табъ расонидаам, ки ба сиёсати давлат созгор набуданд. Чопи ингуна китобҳо дар ниҳоят боиси он шуд, ки ман таҳти тафтиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтам ва оқибат пас аз мамнуъ гардидани фаъолияти нашриёт, маҷбур шудам, ки аз Тоҷикистон бароям», мегуяд адиби тоҷик.

Шаҳобиддин Шуҷоъ аз соли 2003 то соли 2016 ба ҳайси мудири нашриёти “Деваштич” ва “Бухоро” беш аз 40 номгӯй китобро нашр кардааст, ки, ба гуфтааш, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар рабт доранд. Вай мегӯяд, ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон инчунин китобе дар бораи “25 дастоварди беназири ватанамон, ки таҳти роҳбарии приезиденти кишвар ба даст оварда шудаанд, нашр кардаам”.

«Дар ин муддати ғарибӣ ман на танҳо худам, балки пайвандону дӯстонро ҳам дар зери бори ғаму ғусса афкандам. Ҳамсари азизам ин бори ғаму ғуссаро таҳаммул карда натавонист ва аз дарду ранҷи дурии ман чор моҳ қабл даргузашт. Пештар аз он хоҳари азизам ҳам даргузашт», гуфт ӯ.
Феълан маълум нест оё муроҷиати адиби тоҷик ба дасти дафтари раёсатҷумҳурӣ расидааст ё на ва чӣ посухе дарёфт хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон чанд ҳолати барои нашри китоб ва ибрози андеша ба зиндон рафтани адибону ноширон ҷой доштааст. Соли 2023 парвандаи пурсарусадои ҳабсу баъдан ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудани муаллифону ноширони китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман» Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва мудири чопхонаи “Эр-Граф” Суҳроб Раҷабзода ҷомеаро такон дод.

Мақомот мегӯянд, ин нафарон барои нақзи қонун ба ҳабс маҳкум шуданд, аммо адибон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин парвандаро чун беадолатӣ ва нақзи озодии баён ва андеша интиқод карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG