Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович, мутахассиси 58-солаи сербиягӣ, дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Молдив бозӣ мекунад.
Ин бозии гурӯҳи «А» 14-уми октябр дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар дар доираи омодагӣ ба бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 рӯзи 12-уми октябр дар пойтахти Молдив – шаҳри Мале - тамрини якунимсоата анҷом дод. Машқҳо дар майдони сунъӣ роҳандозӣ гардиданд. Ҳамаи 23 бозигаре, ки ҳоло дар ҳайати тими миллӣ ҳастанд, ба бозии дарпешистода омодагӣ мебинанд.
Ёдовар мешавем, дар бозии даври сеюм дар гурӯҳи «А», ки 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, тими миллии Тоҷикистон бар дастаи мунтхаби Молдив бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушод. Голи дуюми мизбононро ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд.
Ин аввалин бозии тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович буд, ки шартномааш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон то 31-уми марти соли 2026 баста шудааст.
Вай дар бораи натиҷаи бозии аввал муқобили Молдив гуфт, «мо дар назди дарвозаи рақиб лаҳзаҳои зиёди голзанӣ ба вуҷуд овардем, аммо, мутаассифона, аксарияташро аз даст додем. Афсӯс, ки ҳамагӣ ду гол задем. Бояд дар ин бора ҷиддӣ кор кунем. Ман бо даста ҳамагӣ се тамрин гузаронидам ва дар ин муддати кӯтоҳ тағйироти куллӣ ворид кардан душвор аст. Бо вуҷуди ин, аллакай дар бозигарон маҳорат ва хоҳишро мебинам. Зина ба зина ҳаракат карда, бозии худро такмил медиҳем ва самаранокии ҳуҷумҳоро беҳтар менамоем.”
Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “А” рӯзи 14-уми октябр тими миллии Филиппин дар майдони худ бо дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Футболбозони тоҷик дар даври аввали мусобиқот, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм 10-уми июн бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буданд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум қарор доранд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:
Даври якум
Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0
Гол: Ваҳдат Ҳаннонов, 3
25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.
Филиппин – Молдив - 4:1
Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бйорн Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)
Даври дуюм
Филиппин – Тоҷикистон – 2:2
Голҳо:Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).
10-уми июн. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити. 10 854 тамошобин.
Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0
Гол: Ҷоао Педро, 45
Даври сеюм
Тимори Шарқӣ – Филиппин – 1:4
Голҳо: Гали Фрейтас, 47 (1:0),Бйорн Кристенсен, 15 (1:1). Бйорн Кристенсен, 31 (1:2). Бйорн Кристенсен, 49 (1:3). Бйорн Кристенсен, 56 (1:4).
9-уми октябр. Дарвин. Territori Rugby League Stadium
Тоҷикистон – Молдив – 2:0
Голҳо: Шаҳром Самиев, 8 (1:0), Шервонӣ Мабатшоев, 30 (2:0)
9-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5250 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | Тоҷикистон | 3 | 2 | 1 | 0 | 5-2 | 7 |
2 | Филиппин | 3 | 2 | 1 | 0 | 10-4 | 7 |
3 | Тимори Шарқӣ | 3 | 1 | 0 | 2 | 2-5 | 3 |
4 | Молдив | 3 | 0 | 0 | 3 | 1-7 | 0 |
Даври чорум
14-уми октябр (сешанбе)
15:30 - (бо вақти Душанбе) - Молдив – Тоҷикистон
Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив
16:00 (бо вақти Душанбе) - Филиппин – Тимори Шарқӣ
Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити