Дар ин матлаби рӯзи 22 октябр гуфта мешуд, як ҷавонро сокинон аз дасти онҳое наҷот доданд, ки мехостанд, ӯро бо худ баранд. Вазорати мудофиа рӯзи 23-юми октябр гуфт, ин ҳодиса ба “облава” ё сарбозшикор рабт надорад”. Далели вазорат ин аст, ки дар навор ягон корманди комиссариати ҳарбӣ дида намешавад ва ин ҷавон аз ҷониби кормандони милиса “ҳамчун гумонбар дар фурӯши маводи мухаддири “Лирика” боздошт шуда истодааст.” Далелҳои зиёд нишон медиҳад, ки кормандони милиса низ дар сафарбар кардани ҷавонон ба артиш даст доранд ва расман ин ниҳод ҳам вазифадор шудааст, ки дар ин маърака ширкат кунад.
Агар “Лирика” мефурӯхт...
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дубора бо шоҳидони воқеа ва мақомот суҳбат карданд, вале ҳеч далеле пайдо нашуд, ки ин ҷавонро барои “фуруши “Лирика” боздошт карданӣ будаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, Суннатулло Мирзоев, сокини 25-солаи шаҳри Кӯлоб тоза аз Русия омада, аз беморие табобат мегирифт.
Абдулло, бародари Суннатулло гуфт, бародараш ҳатто носу сигор намекашад, куҷо расад, ба дигар навъи маводи мухаддир. Ӯ гуфт, ҳеч даъватнома ҳам барои рафтани бародараш ба артиш дастрас накарда буданд.
“Ин дурӯғ аст. Ман бародараш ҳастам, вале аз ҳамсояҳо пурсед, ягон кас гапи бад дар бораи додари ман намегӯяд. Ман ҳамон лаҳза будам. Кормандони милиса ҳам нагуфтанд, ки мо барои “Лирика” боздошт мекунем. Бародари мо агар “Лирика” мефурӯхт, худамон бурда ба милиса месупоридем,”—гуфт ӯ.
"Хизмат накардааст"
Дар навор, ки зоҳиран рӯзи 21-уми октябр сабт шудааст, дида мешавад, ки ҳамсояҳо монеи ба мошин савор карданӣ ин ҷавон шудаанд. Чанде аз онҳо гуфтанд, ки дар посух ба суолашон афроди зӯровар гуфтаанд, ки ин ҷавон "хизмат накардааст". Ин сокинон мегӯянд, агар Суннатулло нашъаҷаллоб мебуд, онҳо ҳаргиз ба ҳимояташ барнамехестанд.
Як шоҳиди дигари ҳодиса ва аз дӯстони Суннатулло Мирзоев низ тасдиқ кард, ки вақте занҳо суол карданд, ки чаро ӯро бо худ бурданиед, онҳо гуфтанд, ки “ӯ хизмат накардааст”. “Фақат мегуфтанд, ки хизмат накардааст ва бояд бо мо равад. Занҳои ҳамсоя зид баромаданд. Агар ӯ маводи мухаддир мефурӯхт, занҳо пуштиашро намегирифтанд. Мо ҳам агар мефаҳмидем, ки ӯро барои “Лирика” дастгир мекунанд, аз ҷои ҳодиса дур мешудем,”—гуфт ӯ.
Яке аз ҳамсояҳои ин ҷавон гуфт, боздошткунандагон ба дархости онҳо, ки ҳуҷҷатҳои худро нишон диҳанд, ҷавоби рад додаанд, ки сабаби аксуламали одамон шудааст. Ҳамчунин ду манбаъ аз мақомоти тафтишотӣ дар шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нисбати Сунатулло Мирзоев ҳеч парвандаи ҷиноятӣ вуҷуд надорад ва ӯ таҳти пайгард низ нест. Яке аз онҳо гуфт, ба пулиси шаҳр дастури боздошти ин ҷавон ҳамчун фурӯшандаи "Лирика" низ дода нашудааст.
Султонзода донишҷӯ буд ё набуд?
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамчунин шикояти наздикони Эҳсон Султонзода, донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро, ки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯро бо зӯр аз Душанбе ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бурдаанд, беасос донистааст.
Вазорат гуфтааст, ки шаҳрванд тариқи даъвтнома ба комиссариати ҳарбӣ даъват шудааст, вале шарҳ надодааст, ки чаро ӯро на ба зодгоҳаш, ноҳияи Фархор, балки ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷ. Балхӣ “даъват” кардаанд.
Вазорат дар идома гуфтааст, ки Эҳсон Султонзода аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хориҷ шудааст. Санадҳои дастрасшуда нишон дод, ки Эҳсон Султонзода, соли 2024 тариқи Маркази милли тестӣ ба Донишгоҳи Кӯлоб дохил шуда, соли аввалро хатм карда, соли 2025 бо розигии ду раиси донишгоҳ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод интиқол ёфтааст. Дар санади дигар аз рӯзи 17-уми октябр Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод бо додани гувоҳнома тасдиқ кардааст, ки Султонзода донишҷӯ аст ва бояд то соли 2028 таҳсил кунад.
Хонаводаи Эҳсон Султонзода гуфтанд, ки агар ин кор тариқи “облава” ё сарбозшикор сурат намегирифт, онҳо шикоят намекарданд. Ҳоло шикояти волидайни Эҳсон Султонзода дар Додситонии ҳарбии Бохтар қарор дорад ва Радиои Озодӣ натиҷаи онро пайгирӣ хоҳад кард. Мушарраф Сафарализода, хоҳарзодаи Эҳсон Султонзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба Додситонӣ тамоми санадҳое, ки собит мекунанд, ӯ донишҷӯ буда, ғайриқонунӣ ба артиш бурда шудааст, супурдаанд.
Омӯзгор ихтиёрӣ ба артиш рафт ё маҷбурӣ?
Вазорати мудофиа инчунин шикояти наздикони Эҳсон Аҳмадзода, омӯзгори фанновариҳои иттилоотӣ ва математика дар як мактаби ноҳияи Данғараро низ рад кардааст. Вазорат дар навори худ чанд санад овардааст, ки ин омӯзгор бо хоҳиши худаш тарки кор кардааст ва баъдан ба артиш даъват шудааст. Ҳамчун далел, вазорат аризаи гӯё ихтиёрӣ ба артиш рафтани ин омӯзгорро низ нашр кардааст.
Яке аз наздикони Эҳсон Аҳмадзода, ки нахост номаш зикр шавад, ба мо навиштаҳои Эҳсон Аҳмадзодаро фиристод ва гуфт, ҳусни хатти дар навори вазорат нашршуда ҳеч монандие ба ҳусни хатти омӯзгор надорад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо омӯзгорро дар шоҳидии даҳҳо нафар аз назди мактаб, ки онҷо муовини раиси ноҳия Зӯҳро Ҳакимзода низ ҳузур дошт, ду нафар бо худ ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.
Эҳсон Аҳмадзода, зодаи ноҳияи Тавилдара буда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Данғара дар мактаби рақами 75-и ин ноҳия кор мекардааст. Феълан дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш идома дорад. Даҳҳо сокин аз минтақаҳои гуногун ба Радиои Озодӣ аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш шикоят кардаанд.
Мавридҳои тасдиқшуда нашр шуда, санҷиши шикоятҳои дигар анҷом меёбад. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вуҷуди ҳаргуна сарбозшикор ва даъвати маҷбуриро рад мекунад ва мегӯяд, ҳама ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш мераванд. Нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ба иҷро нарасидааст.
Гуфтугӯ