Дар чанд ҷумла
Сафарбӣ Давлатова бо ҷоизаи байналмилалии ҷангалбонҳои ҷаҳон қадрдонӣ шуд

Як зани ҷангалбон аз Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи маъруфи байналмилалӣ шудааст. Ҷоизаи мазкур таҳти унвони International Ranger Award 2025 охири ҳафтаи гузашта дар доираи Конгресси ҷаҳонии ҳифзи табиат дар Абу-Забӣ ба Сафарбӣ Давлатова тақдим шудааст.
Ин зани ҷангалбон ҳамчун нозири ҳифзи ҷангали мамнуъгоҳи "Даштиҷум" фаъолият мекунад.
Ӯ ҳамарӯза беш аз 16 километр минтақаҳои кӯҳистонро посбонӣ менамояд, то ҳаракати ҳайвоноти ваҳшӣ назорат ва аз буридани ғайриқонунии дарахтон ҷилавгирӣ шавад.
Ҳамчунин Сафарбӣ минтақаи парвариши ниҳолҳои нокро, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, идора намуда, зиёда аз 6000 ниҳол парвариш мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
ИМА ба Украина мушакҳои "Томаҳавк"-ро надод

ИМА ба Украина мушакҳои болдори “Томаҳавк” намедиҳад. Дар ин бора Владимир Зеленский, президенти Русия баъди мулоқот бо Доналд Трамп хабар дод.
Ба гуфтаи вай гуфтугӯҳо дар ин бора идома хоҳад кард. Сабаби рад шудани ин пешниҳод ба он рабт дода шудааст, ки Вашингтон намехоҳад, то ҷанг вусъат ёбад.
Зеленский дар мулоқот, дар Кохи Сафед гуфт, барои музокира бо Владимир Путин ва қатъи ҷанг омодааст. Вай бо президенти Амрико масъалаи замонати амниятиеро, ки Украина мехоҳад, матраҳ кард. Гуфтугӯи Зеленский ва Трамп беш аз ду соат идома кард. Пас аз ин, Трамп дар саҳифаи иҷтимоии Truth навишт: “Дидор бо президенти Украина, Владимир Зеленский бисёр ҷолиб ва гарм буд, вале ман ба ӯ ҳам мисли президент Путин гуфтам, ки вақти хатми куштору ба созиш расидан аст. Ба қадри кофӣ хун рехт, тамоми марзҳо бо хун кашида шуданд. Бигзор ҳарду ҷониб худро пирӯз эълон кунанд, бигзор инро таърих хулоса кунад. Ҳар ҳафта, ҳазорҳо нафар кушта мешаванд. Бас аст! Бо сулҳ ба хонаҳои худ баргарданд.”
Зеленский ҳам гуфт, бо Трамп мувофиқ аст ва ҳар ду ҷониб бояд бас кунанд. “Вале мо дарк мекунем, ки гап сари Путин аст, ин ҷангро мо оғоз накардем.” Президенти Украина таъкид кардааст, ки ба ҳамагуна музокироте, ки барои кишвараш сулҳ меорад, омода аст.
Аммо дар мавриди додани мушакҳои дурпарвоз ба Украина, Владимир Зеленский дар сӯҳбат бо телевизиони NBC гуфтааст, дар ҳар сурат умедро барои дарёфти “Томаҳавк”-и Амрикоӣ аз даст нахоҳад дод. “Ин хуб аст, ки президент Трамп “не” нагуфт, вале имрӯз “Ҳа” ҳам нагуфт.”
Аз ин пеш гуфта мешуд, Зеленский зимни дидору гуфтугӯяш бо Трамп рӯзи 17 - октябр аз президенти Амрико аз ҷумла мушакҳои дурпарвози "Томаҳавк" дархост менамояд.
Путин ҳушдор додааст, ки додани мушакҳои "Томаҳавк" ба Украина барои раванди сулҳ кумаке намекунад ва баръакс метавонад, равобити Вашингтону Маскавро сард намояд.
Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA боз ду зина боло шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина боло шуд ва бо 1220, 21 имтиёз дар байни 211 тими миллӣ дар ҷойи 102-юм қарор дорад.
Дар ин феҳрист мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1880,76 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, як зина боло рафт ва бо 1872,43 имтиёз ҷойи дуюмро соҳиб шудааст. Мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, як зина поин шуд ва бо 1862,71 имтиёз дар мақоми сеюм аст.
Инчунин ба даҳгонаи беҳтаринҳо тимҳои миллии Англия, Португалия, Нидерланд, Бразилия, Белгия, Италия ва Олмон дохиланд.
Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (27-ум, 1555,36 имтиёз), Русия (30-юм, 1530,95 имтиёз) ва Узбекистон (55-ум, 1452,34 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Беларус (103-юм), Арманистон (104-ум), Қирғизистон (105-ум), Қазоқистон (115-ум), Озарбойҷон (123-юм), Эстония (130-юм), Латвия (139-ум), Туркманистон (142-юм), Литва (146-ум) ва Молдова (156-ум) пеш буда, пас аз Украина (27-ум), Русия (30-юм), Узбекистон (55-ум) ва Гурҷистон (70-ум) ҷойгир шудааст.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.
Рейтинги навбатии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) 21-уми ноябр нашр хоҳад шуд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар ду бозӣ бар тими Молдив (2:0 ва 3:0) пирӯз шуд.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 10-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.
Дар даври панҷуми мусобиқот - 18-уми ноябр - Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ ва Молдив бо дастаи меҳмон – Филиппин - бозӣ хоҳанд кард.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар мешавад

Шурӯъ аз имрӯз, 18 - уми октябр дар Душанбе мавсими гармкунии хонаҳо тавассути шаабакаҳои гармидиҳӣ оғоз мешавад. Дар ин бора нашрияи расмии “Паёми Душанбе” рӯзи 16 - уми октябр хабар дод.
Мақомот аз сокинон хостаанд, барои бехатарӣ ва кори беҳтари бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳӣ дар пойтахт, таҷҳизоти гармидиҳии хонаҳои худро бисанҷанд ва барои қабули гармидиҳӣ омода бошанд.
Хабаргзоории “Азия плюс” бо истинод ба масъулини “шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” гуфта буд, ки имсол дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ зимистони имсол сокинони 79 бино дар ноҳияи Фирдавсӣ 31 иншоот дар ноҳияи Сино ва 21 бино дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Солҳои гузашта сокинон аксаран аз кори шабакаҳои гармидиҳӣ ва нокофӣ буданӣ гармӣ дар хонаҳояшон шикоят мекарданд.
Ахиран Вазорати молия иттилоъ дод, ки бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои навсозӣ кардани низоми гармидиҳӣ дар Душанбе, 6 миллион евро медиҳад. Дар ин бора рӯзи 6- уми октябр созишнома имзо шудааст.
Дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ кор мекунанд, ки якеаш аз сӯи ширкати чинии "ТВЕА" сохта шудааст.
Садамаи муҳоҷирон дар Амур. Як нафар ҳалок шуда, 14 кас осеб дидаанд

Кумитаи тафтишотии вилояти Амур дар пайи як тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Свободненский бо иштироки муҳоҷирон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Субҳи баравақти 16-уми октябр дар наздикии деҳаи Уст-Пера як автобуси ҳомили 48 коргар ба мошини сабукрав бархӯрдааст. Дар натиҷа 1 нафар ҳалок ва 14 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Амур навиштааст, мусофирони автобус, коргарон аз Туркия, Тоҷикистон ва Узбекистон будаанд. Ҳамаи онҳо дар ширкати туркии Yamata кор мекардаанд.
Сонеҳа баъди он ба вуқуъ пайвастааст, ки автобус ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Пас аз бархурд ба мошини сабукрав автобус аз роҳ берун ва чаппа шудааст. Сабабҳои сар задани садамаи нақлиётӣ ва омилони он таҳқиқ мешаванд. Додситонии вилоят ин қазияро зери назорат гирифтааст.
Валентина Бескодарова, ёвари калони прокурори вилояти Амур гуфтааст: "Прокуратураи шаҳрӣ санҷишро оғоз кардааст, ки дар натиҷаи он иҷрои қонунҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва риояи ҳифзи меҳнат баҳогузорӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани қонуншиканӣ аз ҷониби додситонӣ чораандешӣ мешаванд".
Феълан яке аз маҷрӯҳони тасодуфи роҳ дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳё қарор дорад. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи тафтиши ҳолатҳои садама гузориш талаб кардааст. Тасодуфҳои нақлиётӣ ё ҳама гуна ҳодисаҳои дигар бо ширкати муҳоҷирон ҳамеша вокуниши ин кумита ва раҳбари онро ба миён меоранд.
Дар Қирғизистон ҷаримабандии занони ниқобпӯш шуруъ шуд

Дар ҷануби Қирғизистон пулис 28 занро барои пӯшидани ниқоб ҷарима кардааст.
Ба гуфтаи ВКД-и Қирғизистон, амалиёти бо номи "Экстремист" дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Ӯш барпо шудааст.
Маблағи ҷарима 20 ҳазор сом - муодили 220 долларро ташкил додааст. Дар Қирғизистон аз моҳи январи соли ҷорӣ пӯшидани либосеро, ки барои шиносоӣ намудани шахс имкон намедиҳад, манъ карданд.
Мақомот тасмимро ба чораҳои амниятӣ рабт додаанд. Идораи динии мусулмонони кишвар аз ин иқдом пуштибонӣ кардааст.
Муфтиёт қайд намуд, ки ниқоб барои занони мусулмон либоси ҳатмӣ нест. Чунин рейдҳо пештар низ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод гузаронида шуда буданд.
Аммо дар аввал ин рейдҳо танҳо бо огоҳӣ маҳдуд мешуданд. Пӯшидани ниқоб на танҳо дар Қирғизистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам манъ аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки занон ҳақ надоранд, бо ҳиҷоб ба муассисаҳои давлатӣ ва ё донишгоҳ ворид шаванд.
1600 нафарро барои қарздорӣ нагузоштанд аз Тоҷикистон берун раванд

Хадамоти иҷрои Тоҷикистон мегӯяд, дар нуҳ моҳи имсол ба феҳрасти ягонаи қарздорон номи 2350 нафари дигарро ворид кардааст. Онҳое, ки исмашон дар ин рӯйхат аст, то замони баргардонидани қарзҳои худ ба бонк, муаассиса ва ё афроди алоҳида аз кишвар берун рафта наметавонанд.
Дар гузорише аз натиҷагирии фаъолияти нуҳмоҳаи ин ниҳод, ки рӯзи 16-уми октябр нашр шуд, гуфта шудааст, ки дар ин давра ба 5075 нафар қарздорон барои берун рафтан аз кишвар маҳдудият гузошта шудааст.
Дар маҷмӯъ дар 9 моҳ 1600 нафаре, ки мехостанд, аз кишвар берун шаванд, бо сабаби қарздорӣ аз марз баргардонида шудаанд.
Хадамоти иҷро аз натиҷаи ин амал тавсиф карда, гуфтааст қарздорон баъди ин беш аз 24 миллион сомонӣ ва 108 ҳазор доллар қарзи худро баргардонидаанд.
Ба иттилои Хадамоти иҷро дар умум дар чанд соли ахир ба ин далел сафари беш аз 21 ҳазор қарздор ба берун маҳдуд шудааст.
Русия: Сафи донишҷӯён зиёд ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ кам мешавад

Президенти Русия бо имзои фармони дахлдор консепсияи сиёсати муҳоҷиратро барои солҳои 2026-2030 тасдиқ намуд. Санади мазкур дар вебсайти интишори расмии санадҳои меъёрӣ ҷой дода шуда, дар он ба ҳамгироии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирон таъкид шудааст.
Консепсияи нав коҳиши шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳуҷҷат таҷрибаи ҷойдошта дар танзими вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ, шароити будубоши қонунии онҳо, сабти номи муҳоҷирон, додани паноҳгоҳи муваққатӣ ва тартиби дарёфти шаҳрвандии Русияро инъикос ёфтааст.
Дар гузашта мақомдорони рус гуфта буданд, ки иқдомҳои ҳозираи назорат бар шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Русия ба ҷилавгирӣ аз “анклавҳои қавмӣ” ва “минтақаҳои ҷиноӣ” қодир нестанд.
Дар консепсияи нав зикр шудааст, ки афзоиши шумори муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, то соли 2030 идома хоҳад кард. Гузашта аз ин, зуҳури чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба амнияти миллӣ такмили сиёсати муҳоҷиратро тақозо мекунад. Бинобар ин Русия бояд барои баланд бардоштани масъулияти корфармо дар масъалаҳои марбут ба сиёсати муҳоҷират чораҳоеро рӯйи даст бигирад.
Бар асоси консепсияе, ки аз соли нав амалӣ хоҳад шуд, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд кам карда шавад ва ниҳодҳои давлатӣ будубоши аъзои оилаҳоеро, ки дар Русия кор ва таҳсил намекунанд, маҳдуд намоянд.
Дар ин байн шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия бояд афзоиш ёбад. Ба он муҳоҷироне, ки қонунӣ дар Русия ҳузур дошта, забони русиро медонад ва дар ягон ҷиноят даст надоранд, роҳҳои осонтари дарёфти шаҳрвандии Русия муқаррар шудааст. Ҳамчунин ҳукумат барои кӯч додани шаҳрвандони хориҷие, ки аз арзишҳои анъанавии Русия пуштибонӣ мекунанд бояд мусоидат намояд.
Консепсиия нави сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия дар шароите рӯи кор меояд, ки тақрибан ҳар ҳафта мақомоти интизомӣ аз боздоштҳои бераҳмонаву ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирон бо баҳонаҳои риояи қонунҳои муҳоҷират гузоришҳо нашр мекунанд. Думаи давлатии Русия дар якуним соли баъди ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус"-и Маскав, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷиронро қабул кардаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ намудааст. Владимир Путин дар нишасти ахири хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 октябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, гуфт, ки дар Русия бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд.
Зеленский барои мулоқот бо Трамп вориди Амрико шуд

Президенти Украина Владимир Зеленский бо нашри як навор эълон кард, ки вориди Вашингтон шудааст.
Қарор аст имрӯз вай дар Кохи сафед бо Доналд Трамп мулоқот кунад. Дар наворе, ки дар телеграм -канали ӯ нашр шудааст, дида мешавад, ки раисҷумҳур аз зинапояҳои ҳавопаймо поин мешавад. Рӯзи панҷшанбе оҷонсии "Интерфакс-Украина" бо истинод ба маълумоти хадамоти назорати парвози ҳавопаймоҳо хабар дод, ки ҳавопаймои раисиҷумҳури Украина дар пойгоҳи ҳавоии "Эндрюс" фуруд омад.
Зеленский гуфтааст, рӯзи панҷшанбе бо намояндагони ширкатҳои энержӣ ва дифоии Амрико мулоқот мекунад. Вай таъкид кардааст, ки “Ин тавлидкунандагони силоҳи қавӣ ҳастанд, ва тавони таҳкими бахши дифоъро доранд.”
Ба гуфтаи раҳбари Украина дар ин мулоқот масъалаи таҳкими низоми ҳимояи зиддиҳавоии Украина низ баррасӣ мешавад. Зеленский гуфтааст, Маскав, "баробари шунидани хабари мушакҳои "Томаҳавк" ба аз сар гирифтани гуфтугуҳо шитоб дорад" Аз ин пеш Президенти ИМА гуфта буд, мумкин аст ба Украина мушакҳои болдори “Томаҳавк” бидиҳад.
Ҳайати Украина, ки аллакай чанд рӯз боз дар Амрико қарор доранд, рӯзи 16 уми октябр бо Китт Келлог, намояндаи махсуси Трамп оид ба масоили Украина гуфтугӯ кардаанд.
Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе бо президенти Русия сӯҳбати телефонӣ дошт. Баъд аз ин вай эълон кард, ки эҳтимол бо Путин дар Будапешт вомехӯрад.
Мавзӯи калидии мулоқоти раҳбарони Амрико ва Украина имрӯз интиқоли аслиҳа ба Украина, аз ҷумла мушакҳои болдор хоҳад буд. Русия гуфтааст, ки ин кор муносибати Маскавро бо ИМА бад хоҳад кард.
Пулиси Русия бо баҳонаи боздошти як гумонбар ба хобгоҳи муҳоҷирон ҳамла кардааст

Пулиси Русия дар минтақаи Красноярск бо гумони боздошти як муҳоҷир, ки дар талоши озори ҷинсии духтари ноболиғ гумонбар дониста мешавад, ба хобгоҳи муҳоҷирон ҳамла кард.
Дар наворҳо дида мешавад, ки чӣ гуна сокинони хобгоҳро ба зону ва дастон пушти сар аз утоқҳо берун мебароранд ва рӯ ба замин мехобонанд. Расонаҳои маҳаллии Русия навиштаанд, ки шоми 4-уми октябр як муҳоҷири 20-сола дар деҳаи Борск духтари 15-соларо, ки қаблан мешинохтааст, дар кӯча вохӯрда, талош кардааст, ӯро озори ҷинсӣ диҳад.
Духтари ноболиғ дар ин бора ба падару модараш нақл кардааст ва онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд. То куҷо ҳақиқат доштани ин иттиҳом маълум нест.
Мақомот мегӯянд, гумонбар дар хобгоҳи кормандони корхонаи мурғпарварӣ зиндагӣ мекард. Барои боздошти ӯ нерӯҳои интизомӣ тамоми сокинони ин хобгоҳро тафтиш кардаанд. Мақомоти рус иддао доранд, ки дар ин хобгоҳ, илова бар гумонбар дар ҷиноят, ду муҳоҷири дигар низ ғайриқонунӣ ҳузур доштаанд.
Муҳоҷир ба талоши озори ҷинсии духтари 15-сола муттаҳам ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Муҳоҷирон дар гузашта дар посух ба чунин иттиҳомоти мақомоти рус гуфта буданд, ки бештар мавриди тӯҳмат қарор мегиранд ё мақомот як ҳодисаи одиро бузургтар ҷилва медиҳанд.
Назари муҳоҷири боздоштшуда дар бораи ин иттиҳом дастрас нест.
Саге дар дохили нақби метрои Прага ҳаракати бахши бузурги ин нақлиётро боздошт

Дар шаҳри Прага – пойтахи Чехия аз соати 9-и субҳи 16 октябр ҳаракати қатор дар самти метрои А ё «Хати сабз» баста шуд. Ян Данек, намояндаи полиси шаҳр хабар дод, ки сабаби боздошта шудани ҳаракати метро ба дохили нақб роҳ ёфтани саги навъи волкодав будааст.
Полис, оташнишонҳо ва дигар хадамоти ёрии изтирорӣ давоми чанд соат аз паи ҷустуҷӯву қапидани ин саг шуданд ва дар натиҷа, дар соати доғи кору таҳсили мардум дар самти роҳи пайвасткунандаи ғарби Прага бо марказ танбашавии ҷиддие мушоҳида шуд.
Полис гуфт, дар аввал се истгоҳи метрои Хати сабз баста ва ҷустуҷӯи саг ба роҳ монда шуд, вале зоҳиран ин чорпо тавассути нақб тавонист ба роҳҳои дигари тӯлонии метро роҳ ёбад. Дар натиҷа, тамоми як хати метро баста гардид.
Дар Душанбе зане барои фурӯши "Лирика" ҷарима шуд

Пулиси Душанбе аз боздошти зане барои фуруши доруҳои сахттаъсири нашъадор дар дорухонааш хабар додаст.
Раёсати корҳои дохилаи Душанбе рузи 15-уми октябр иттилоъ додааст, ки зимни як санҷиш дар дорухонаи "Бону" 141 адад маводи сахттаъсири Прегабалини ё "Лирика"-ро дарёфту мусодира кардаанд.
Нисбат ба масъули дорухона, ки ба гуфтаи мақомот, қонун ва муқарарроти соҳаи тандурустиро вайрон кардааст, санади маъмурӣ таҳия ва ба андозаи 3750 сомонӣ ҷарима шудааст.
Вазорати корҳои дохила тақрибан дар се моҳи ахир аз боздошти дастикам 3 нафар барои фурӯши ин мавод хабар додааст. Моҳи майи имсол пулиси кишвар аз афзоиши истифодаи маводҳои гуногуни наркотикӣ аз суйи чавонон нигаронӣ карда буд.
Вазорати корхои дохилаи Тоҷикистон таъкид карда буд, ки бо вуҷуди манъи қатъии истифода ва фурӯши маводи психотропӣ бидуни дастур ё дорухати табибон бархе аз шаҳрвандон ба фурӯши ғайриқонунии он машғуланд.
"Лирика" ё прегабалин мисли маводи мухаддир ба инсон таъсир дорад, вале бо иҷозаи хос танҳо ба бемороне, ки аз маризиҳои ҷиддии асаб азият мекашанд, пизишкон ба онҳо истеъмоли онро ба миқдори кам иҷозат медиҳанд.
Қонун қабул шуд. Обунаи маҷбурӣ ва ҷалби омӯзгор ба "ҳашар" аз байн мераванд?

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр қонун “дар бораи мақоми омӯзгор”- ро қабул кард. Ҳадаф аз ин қонун “баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо” гуфта шудааст.
Ин тарҳи қонун ҳамчунин масъулияти омӯзгоронро дақиқу мушаххас кардааст. Қонуни мазкур моҳи оянда баъди нашри расмии он мавриди иҷро қарор мегирад. Тарҳи қонуни нав бо дастури президент, Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Вай соли 2024 аз поин рафтани мақому нуфузи омӯзгорон нигаронӣ карда, барои тағйири вазъ амр дода буд, ки санади махсус таҳия шавад. Охири моҳи июл ҳукумат тарҳи қонунро маъқул дониста, барои баррасӣ ба порлумон ирсол карда буд.
Қабули қонун дар ҳолест, ки пайваста дар кишвар ҷанҷоли байни хонандаву омӯзгорон баҳбарангез мешавад. Аз сӯйи дигар ҳоло бисёре аз мактабҳои кишвар аз камбуди омӯзгорон азият мекашанд. Камбуди муаллимони илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимии кишвар чашмрас аст. Чанд моҳ пеш дар нишасти хабарии Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам гуфта шуда буд, ки ҳанӯз ҳам дар мактабу муассисаҳои таълимии кишвар тақрибан 4 ҳазор муаллим намерасад.
Соли 2022 худи мақомот эътироф карда буданд, ки як лашкари азиме аз омӯзгорони тоҷик ва ё тақрибан 15 ҳазор нафар аз онҳо, ки бояд фарзандони мардум дарсу дониш бидиҳанд, касби худро гузошта, ё паси кори дигар ва ё ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.
Бино ба гузоришҳо, дар қонуни нав аз ҷумла гуфта шудааст, ки омӯзгорон набояд ба фаъолияти ғайрикасбӣ, масалан, поккории қаламрави мактаб, корҳои кишоварзӣ ва ғайра ҷалб шаванд. Аз ҷумла дахолати дигарон ба раванди таълим мамнуъ мешавад ва ба навиштаи хабаргузории “Азия Плюс” ҳатто вазири маориф бидуни иҷозаи омӯзгор наметавонад ба синф ворид шавад.
Шикоят аз вазъи бади маорифи Тоҷикистон, музди кам дар соҳа, беқадрии муаллим, бадрафторӣ бо омӯзгор дар мактаб солҳо боз идома дошт. Айни замон музди миёнаи як муаллим дар Тоҷикистон бештар аз 1600 сомонӣ ва ё тақрибан 150 доллар аст, ки музди бисёр кам ба ҳисоб меравад. Бино ба иттилои расмӣ, дар мактабҳо бештар аз 130 ҳазор омӯзгор кор мекунанд ва аксарияти онҳо, яъне бештар 86 ҳазор нафари онҳо занон ҳастанд.
Яке аз ҷузъиёти тарҳи қонуни нав ин будааст, ки омӯзгорон набояд маҷбурӣ ба нашрияҳо обуна шаванд. Ин шабу рӯз дар мактабҳои Тоҷикистон аз омӯзгорон талаб доранд, зудтар пули обунаи нашрияҳои расмӣ-давлатиро супуранд.
Рэпсарои тоҷик сабаби боздошташро дар Чин шарҳ дод

Рамазон Муродов, як рэпсарои ҷавони тоҷик, маъруф ба "Ралик" хабари боздошташро дар Чин шарҳ додааст.
Рӯзи 14-уми октябр ӯ дар саҳифаи Инстгарамш як навор нашр карда, иддао дошт, ки ӯро дар Чин боздошт кардаанд. Дар навор ӯ дар шӯъбаи пулис ва назди як афсар бо либоси хоси пулиси Чин дида мешуд. Ӯ дар ин навор иддао дошт, ки "шояд дар Чин зиндонӣ шавад."
Рӯзи 15-уми октябр дар як видеоӣ дигар, ки аллакай дар озодӣ дида мешавад, гуфтааст, сабаби боздошташ сабти навор бо айнаки махсус буд. Ба гуфтаи рэпсаро пас аз 3 - 4 соати бозпурсӣ ӯро озод кардаанд.
Маълум нест, ки пулиси Чин чаро ӯро барои сабт бо айнаки махсус боздошт кардааст.
Маъмулан, дар Чин озодии баён маҳдуд буда, сабту нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт назорат мешавад. Хабарҳои зиёде нашр мешавад, ки дар Чин мусалмонон ва рӯзноманигорону блогерони озодандеш азият мешаванд.
Аммо Рамазон Муродов аз муносибати пулиси Чин бо боздоштшудаҳо тавсиф кардааст. Муродов чанд рӯзи ахир аз Чин наворҳои зиёде нашр мекард. Аз ҷумла, иштироки вай дар Чин дар маросими тӯйи духтари тоҷик бо ҷавони чинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуда буд. Дар наворе вай гуфт, ин туйи хоҳараш буд, ки бо ҷавони мусалмоншудаи чинӣ издивоҷ кардааст.
Рамазон Муродов, ки дар миёни як гурӯҳ ҷавонон шинохта аст, моҳи июли соли 2024 дар Тоҷикистон барои таҳқири роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, боздошт шуда буд. Ӯ чанд дафъа аз боздошт ва шиканҷа шуданаш аз сӯйи кормандони пулис шикоят карда буд.
Дар пайи таркишҳо дар Кобул панҷ кас кушта, 35 нафар захмӣ шудааст

Бар асари таркишҳо дар Кобул, пойтахти Афғонистон, шоми чоршанбе панҷ нафар кушта ва дастикам 35 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Масъулини бемористони ёрии таъҷилӣ дар Кобул дар баёнияе гуфтанд, 40 нафар, аз ҷумла ҷасади 5 кушташударо ба ин ҷо оварданд.
Ба гуфтаи онҳо вазъи даҳ нафар вазнин буда, шумори дақиқи кушташудаҳо ва осебдидагон ҳанӯз дақиқ нест.
Дар изҳороте, ки дар саҳифаи беморхона дар Фейсбук нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар миёни осебдидагон занону кӯдакон низ ҳастанд, ки дар пайи таркиш ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. "захмҳои таркиш, сӯхтагӣ ва осеби сангин гирифтаанд. Ҳадди аққал дар як соли ахир дар Афғонистон мо чунин шумори зиёди беморонро мушоҳида накарда будем."
Бино ба гузоришҳо, Покистон дубора ба Кобул, пойтахти Афғонистон, ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст. Шабакаи Tolo News бо истинод ба манобеи худ ва нашри як навор аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Покистон ба чанд қисмати Кобул теъдоде аз ғайринизомиён кушта ва захмӣ шудаанд, вале шумори дақиқи он ҳанӯз маълум нест. Дар навор ҷасадҳо, афроди ҷароҳатбардошта ва як бинои чандошёнаи қисман тахрибшуда дида мешавад.
Видеоро инҷо бинед:
Теъдоде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки бино дар як минтақаи серодами Кобул ҳадаф қарор гирифтааст. Сокинон мегӯянд, онҳо садои таркишро шунида, парвози ҳавопаймоҳои ҷангандаро мушоҳида карданд. Ин вазъ сокинони шаҳрро нигарон кардааст. "Нерӯи барқ хомӯш шуд ва ҳоло ҳам ҳаст. Ҳама воқеан ошуфта буданд. Кӯдакон, занону пирон ҳама хеле тарсиданд.” – гуфт як сокини Кобул.
Носир Аҳмад Фоиқ, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ кардааст, ки Покистон дар Кобул ва Қандаҳор манотиқи истиқоматиро ҳадаф қарор дода, сабаби марги одамон шудааст.
Вай рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми октябр дар саҳифаи X, бо маҳкум кардани ҳамлаҳои пайдарпай навишт, ки ин амалҳо нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ аст.
Хабаргузории TOLO news бо истинод ба мақомоти маҳаллии Толибон дар вулусволии Спин Болдак дар вилояти Қандаҳор хабар дод, ки тақрибан соати 16:00 рӯзи чаҳоршанбеи 15 -уми октябр Покистон ба идораи пулиси ҳамла карда, ба вокуниши нерӯҳои амниятии Толибон рӯбарӯ шуд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе дар саҳифаи X навишт, ки дар ҳамлаҳои нерӯҳои покистонӣ ба ноҳияи Спин Болдак беш аз 12 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар вокуниши нерӯҳои афғон теъдоди зиёде аз сарбозони покистониро кушта, теъдоде аз посгоҳҳо ва иншооти онҳо тахриб ва силоҳу тонкҳояшон ба дасти нерӯҳои афғон афтодааст.
Таниш миёни Покистон ва Афғонистан пас аз он боло гирифт, ки нерӯҳои Покистонӣ рузи 9- уми октября бо ҳадафи нобуд кардани аъзои баландпояи толибони Покистон ба Кобул ҳамлаи ҳавои анҷом доданд.
Ҳукумати Покистон гуфт, мақомоти Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд. Толибон ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд аз TTP дар дохили Афғонистон ҳимоят намекунанд.
Гуфтугӯ