Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати корҳои хориҷӣ аз таҳрими 3 бонки Тоҷикистон "нигаронии амиқ" кард


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳрим шудани се бонки Тоҷикистон аз сӯи Иттиҳоди Аврупо "нигаронии амиқ" кардааст.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23 октябр дар доираи бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия, се бонк аз Тоҷикистон -- "Спитаменбонк", "Душанбе сити бонк" ва "Коммерсбонки Тоҷикистон"-ро ба рӯйхате ворид кард, ки ҳаргуна муомила бо онҳо манъ аст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз рӯзи 1 ноябр омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон вазъро мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, барои коҳиш додани паёмадҳои манфии ин таҳримҳо чораҳо зарурӣ меандешад.

Аммо дар ин изҳорот гуфта нашудааст, ки ҳукумат барои коҳиш додани паёмадҳои манфии ин таҳримҳо чӣ чораҳо хоҳад андешид.

Изҳороти ВКХ ҳамчунин мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон омодааст бо шарикони байналмилалӣ барои пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ, ҳамкорӣ намояд.

Аз ин қабл Бонки миллии Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки паёмадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии он "бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад".

Бонкҳои мазкур аз ҷумлаи бонкҳои сермуштарӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва ҳоло маълум нест, ки манъи муомила бо онҳо то чӣ ҳад ба фаъолияти "Душанбе Сити", "Спитаменбонк" ва "Коммерсбонки Тоҷикистон" таъсир мегузорад ва ё фаъолияти онҳоро то чӣ ҳад маҳдуд мекунад.

Пойгоҳи хабарии "Pamir Inside" навиштааст, ки се бонки таҳримшуда ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон таалуқ доранд.

Бар асоси ин Шӯрои Аврупо, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо се бонки шомилшуда дар феҳраст аз Тоҷикистон муомилот ба роҳ монанд.

Ба қавли Иттиҳоди Аврупо, таъсисоту ширкат ва афроди алоҳида, ки дар ин феҳраст ҳастанд, дар ҷанги Русия ба зидди Украина кӯмак мекунанд.

Аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина ин бори аввал нест, ки ширкатҳои воқеъ дар Тоҷикистон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ таҳрим мешаванд. Аз ҷумла ахиран ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” таҳрим шуд. Ин ширкат яке аз таъминкунандагони асосии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст, ҳарчанд Душанбе ошкоро аз ҳамлаи Русия ба Украина пуштибонӣ накарда, баръакс гуфтааст, хоҳони ҳалли мушкил аз роҳи музокирот аст.

,Дар се соли ахир хабари марги садҳо тоҷикистонӣ расонаӣ шуд, ки аз тарафи Русия алайҳи Украина меҷангиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG