Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зубайдуллоҳи Розиқ узви зиндонии ҲНИТ даргузашт


Зубайдуллои Розиқ. Акс аз бойгонӣ
Зубайдуллои Розиқ. Акс аз бойгонӣ

Зубайдуллои Розиқ, узви пешини Раёсати олии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ субҳи 24-уми сентябр дар зиндон даргузашт. Ин собиқадори ҳаракати сиёсии исломӣ ва донишманди фиқҳ 83 сол дошт ва ба гуфтаи наздиконаш, баъд аз як бемории тӯлонӣ фавтидааст. Ӯ ҳанӯз пеш аз маҳкум шуданаш ба 25 соли ҳабс дар соли 2015 аз ин беморӣ ранҷ мекашид.

Наздиконаш рӯзи 24-уми сентябр барои гирифтани ҷасади Зубайдуллои Розиқ ба маҳбаси шаҳри Ваҳдат рафтаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Зубайдуллоҳи Розиқ то зиндонӣ шуданаш дар соли 2015 гирифтори бемории дил буд. Ӯро соли 2024 як муддат дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ карда буданд.

Пас аз ҳамдаст эълон шудани ҲНИТ бо воқеае, ки ҳамчун "ошӯби мусаллаҳонаи ҷонишини пешини вазири дифоъ, генерал Абдуҳалим Назарзода (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим) гуфта мешавад, Зубайдуллои Розиқ ҳамроҳ бо даҳҳо аъзои саршиноси ин ҳизб боздошт ва зиндонӣ шуданд. Раҳбарони ҳизб ва наздикони боздоштшудаҳо ширкат дар исёни мусаллаҳонаро ҳамеша рад карда, далелҳои додгоҳиро бепоя хондаанд.

Зубайдуллои Розиқ соли 2021 дар номае ба раиси ҷумҳур хостори бозбинии парвандааш шуда буд. Ин руҳонӣ дар он нома навишта буд, "инки моро дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо худатон беҳтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд... Дар 6 сол бо умеди расидани рӯзе, ки ақли солим боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои пешомадаро таҳаммул кардем ва мекунем. Вале афсӯс, ки умеди мо амалӣ нашуд."

Пайвандони Зубайдуллои Розиқ гуфта буданд, баъди ин нома ӯро ба ҳуҷраи ҷаримавии зиндон бурданд ва ним моҳ он ҷо буд. Наздикони ин фаъоли Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ аз он нигаронӣ карда буданд, ки Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ранҷ мекашад.

Наздикони панҷ нафар аз роҳбарони ҲНИТ, аз ҷумла Зубайдуллоҳи Розиқ соли 2021 дар номае ба Кумитаи Салиби Сурх ва СММ навишта будаанд, “ҷони онҳо дар хатар аст.” Мақомот пештар чунин хабарҳоро рад карда гуфтанд, ба ҷони роҳбарони ҳизби мамнӯъ дар зиндон чизе таҳдид намекунад.

Зубайдуллои Розиқ як олими рӯҳонӣ шинохта мешуд, ки бештар ба кори таълиму тарбияи динӣ машғул гаштааст.

Дар як соли ахир ин дуввумин мавриди фавти аъзои ҲНИТ дар зиндон аст. Моҳи июли соли гузашта Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви собиқи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар беморхонаи зиндони Ваҳдат дар 65-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфта буданд, ӯ аз дарди қалб ва шиддат гирифтани бемории қанд ранҷ мебурд.

XS
SM
MD
LG