Дигар аз ҳамсӯҳбати мо гуфт: "Ман ҳамчун шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳамкории дуҷониба бо Русия назари нек дорам. Чунки Русия ба мо ҳамчун шарики низомӣ, иқтисодӣ мебошад. Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз Русия вобаста аст."
Посухҳои бештарро дар ин видео бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Назари Шумо ба сиёсатҳои Русия
Аксар ҳамсӯҳбатони мо барои он аз Русия сипосгузор буданд, ки ба муҳоҷирони тоҷик иҷозаи кор медиҳад ва маблағе, ки мардикорон ба ватан мефиристанд, рӯзгори ҳазорон нафарро таъмин мекунад.
Бо вуҷуди он ки аз Русия ҳар сол то 700 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон оварда мешавад ва бархе аз муҳоҷирон дар Русия аз дасти нажодпарастон ваҳшиёна ба қатл мерасанд ё мавриди озори пулиси ин кишвар қарор мегиранд, сокинони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳамаи умедҳои худро ба Русия рабт медиҳанд.
Ба қавли раиси созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ", Ҳуриниссо Ғаффорзода, шояд пурсиши Геллапро мардуми одии Тоҷикистон андаке дигаргуна фаҳмида бошанд, вале шахсан вай ба шеваи раҳбарии давлатмардони Русия розӣ нест ва меафзояд, ки ҳанӯз ҳам Русия бо кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон ҳамчун бародари бузург муносибат мекунад.
Аз пурсиши созмони Геллап маълум мешавад, ки дар миёни кишварҳои пасошуравӣ аз ҳама бештар сокиони Гурҷистон аз шеваи раҳбарии давлатмардони Русия пуштибонӣ накардаанд ва 76 дар сади сокинони ин кишвар мухолиф изҳори назар кардаанд.
Дар миёни пурсидашудаҳо дар Тоҷикисон ҳамагӣ ду дар сад гуфтаанд, аз сиёсатҳои сарони Русия розӣ нестанд.
"Русия бо кишварҳое, ки манофеи геополитикии худро пиёда мекунад, муносибати хуб дорад. Бадбахтона, Русия шарики доимӣ надорад ва дар солҳои ахир як қатор қонуну қарорҳо қабул намуд, ки на ба манфиати мардуми тоҷик ва на ба манфиати муҷоҳирони корӣ ва на ба манфиати давлати Тоҷикистон буд. Бубинед, вақте мо ба ному насаби ниёгони худ баргаштем, ҳукумати Русия вокуниши ҷиддӣ нишон дод ва баъзе аз муҳоҷирони кориро, ки ному насаби ниёгонро авло медонистанд, бо ҳар баҳона истирдод кард",-афзуд ӯ.
Ҳамин тавр бино бар натиҷаҳои назарсанҷии "Геллап" сокинони кишварҳои дигари Шӯравии собиқ, ба мисли Узбакистон ва Қирғизистон низ аз сиёсати раҳбарони Русия пуштибонӣ кардаанд. 84 дар сади пурсидашудагон дар Қирғизистон ва 81 дар сад дар Узбакистон ин сиёсатҳоро мусбат шумурдаанд. Дар Арманистон, ки коршарики раҳбурдии Русия ном бурда мешавад, 75 дар сади сокинонаш аз сиёсати раҳбарони Маскав тарафдорӣ кардаанд.