Аммо Шараф Раҳимӣ, сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 сентябр дар брифинги омодагиҳои Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои ИДМ сӯҳбат мекард, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъ дар барнома нест.
"Дар рӯзномаи ин нишастҳо ин масъала дарҷ нашудааст ва мо баррасии чунин мавзӯъро ба нақша ҳам нагирифтаем. Чун ин ҷо нишастҳое, ки мо дар пеш дорем, марбут ба масоили ҳамкорӣ ва таҳкими рушди равобити миёни кишварҳои ИДМ аст ва қолаби дигари ҳамкорие, ки мо нишасти сарони давлатҳои онро баргузор хоҳем кард дар Душанбе, марбут ба таҳкими ҳамгироии бештар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аст. Яъне ин қолабҳои ҳамкорӣ аз он созмоне, ки шумо манзуратон аст, тафовут дорад",-гуфт ин мақоми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Брифинг дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Рад шудани ин мавзӯъ дар ҳолест, ки дар оғози моҳи сентябр бархе расонаҳои русӣ, аз ҷумла нашрияи "Независимая газета" навиштанд, ки қарор аст дар доираи ин нишастҳо, Тоҷикистон тасмими ворид шуданаш ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро эълон кунад.
Аз ин пештар, дар оғози моҳи август вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "як гурӯҳи кории байниидоравӣ шомил шудан ё нашудани кишварро ба Иттиҳод омӯхта, хулосаи худро ба ҳукумат месупорад".
Муҳаммад Шамсиддинов, коршиноси равобити байнулмилалӣ аз Душанбе мегӯяд, ки чанд омил, аз ҷумла мавзуъи соҳибихтиёрӣ, хусусан дар бахши иқтисодӣ ба узвияти Тоҷикистон дар ин созмон монеъ мешаванд.
"Нахуст ин, ки элитаи Тоҷикистон то ҳанӯз омода нест, ки бахши муайяни назорати иқтисоди худро тақсим кунад. Вуруд ба ЕАЭС метавонад ба ин биоварад, ки Тоҷикистон назорат ба иқтисоди худро аз даст бидиҳад. Аз ҷумла, метавонад саноати кишвар зарар бинад, зеро имкон дорад ба бозори Тоҷикистон молҳои зиёде кишварҳои узви созмон ворид шаванд, ки метавонанд босифаттар бошанд".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оё Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешавад?
Ин коршинос бар ин аст, ки узвият дар ЕАЭС метавонад ба сиёсати дохилӣ низ таъсир гузорад ва дар маҷмӯъ, ҷониби Тоҷикистон тасмим надорад аз соҳибихтиёрии худ даст бикашад, чӣ дар бахшӣ иқтисод бошад, чӣ дар бахши сиёсӣ".
Мавзуъи узвияти Тоҷикистон дар аз оғози рӯйи кор омадани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2015, ки дар кишварҳои ғарбӣ як созмони сиёсии зери нуфузи Русия дониста мешавад, ҳамеша хабарсоз будааст.
Дар остонаи сафари навбатии Путин ба Душанбе, ки қарор аст рӯзҳои 9-10-уми октябр баргузор шавад, ин мавзӯъ дубора сари забонҳо уфтодааст. Ҳарчанд, дар ин авохир Русия чун пештара гурӯҳҳои тарафдорро аз ҳисоби донишмандон, расонаҳо ва маҳофили расмиро барои вуруди Тоҷикистон зиёд фаъол нигоҳ намедорад, аммо посухи Душанбе ба ин талошҳо ҳамеша ин будааст, ки дар ин роҳ шитобе надорад ва суду зиёди вуруд ба созмонро меомӯзад.
Ҳарчанд равуои озоду бидуни раводид, бозори ягона, сабукиҳо ба муҳоҷирон ва таҳсилу иқомат, адами боҷи гумрукӣ, таърифаҳои пасттар ва сармоягузориҳо аз бартариҳои ин созмон гуфта мешавад, вале Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон борҳо аз татбиқи нобаробари ин замонатҳо эътироз кардаанд.
Дар баробари ин, барои Тоҷикистон пойбандии зиёд ба Русия, осеб дидан аз лағви даромадҳои гумрукӣ, зарбаҳои нав ба бозори сусти дохилӣ ва куллан коҳиши соҳибихтиёрӣ, аз зарарҳои узвият дониста мешаванд. Гуфта мешавад, монополистҳое, ки ба сатҳи олии ҳукумат рабт доранд низ, зидди ин узвиятанд.