“Дар Русия зиндонӣ буд.” Дафни боз як тоҷики кушташуда дар ҷанги Украина

Абдумуталиб Аюбов, сокини ноҳияи Деваштич, ки ба қавли пайвандонаш дар Русия зиндонӣ буд, вале дар ҷанги Украина кушта шуд

Ҷасади боз як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 3-юми ноябр дар зодгоҳаш, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, дафн карданд. Абдумуталиб Аюбов 27 сол дошта, ба қавли пайвандонаш, дар Русия зиндонӣ буд.

Абдумуъмин Аюбов, падари Абдумуталиб, рӯзи чоруми ноябр дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои гирифтаи онҳо, писараш 24-уми октябр дар як деҳаи вилояти Донетски Украина ба ҳалокат расидааст.

Вай афзуд, писараш ҳашт сол пеш бо нияти кор ба шаҳри Маскав рафта, ба онҳо кумак мекард. Аммо се сол пеш, баъди як сонеҳаи нақлиётӣ бо иштироки ӯ, ки дар натиҷа як шаҳрванди Русия фавтидааст, зиндонӣ шудааст. "Аз замони ҳабс гардиданаш тамос нагирифта буд," – гуфт Абдумуъмин Аюбов.

Амакаш Абдурашид Аюбов мегӯянд, мақомоти Русия бародарзодаашро дар зиндони шаҳри Новосибирск ҷойгир карда буданд ва бори охир тақрибан ду сол пеш ӯро дидааст.

Ба таъкиди амакаш, пайвандон чӣ гуна ба ҷанг фиристода шудани Абдумуталиб Аюбовро намедонанд, аммо мақомоти Русия дар варақе навиштаанд, ки "ихтиёрӣ рафт". Ин санад ҳамроҳи тобути Абдумуталиб аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст. Пайвандонаш азми ба ҷое шикоят карданро надоранд.

Абдумуталиб Аюбов оиладор набуда, аз рӯи аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст, ба варзиш майл доштааст.

Сокинони деҳаи Басманда дар ноҳияи Деваштич мегӯянд, бори аввал аст, ки зодаи ин минтақаро аз ҷанги Украина меоранд. Аз иштироки дигар ҳамдеҳагонашон дар ҷанг иттилоъ надоранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боз як тоҷик аз маҳбаси Русия ба ҷанги Украина рафту ҳалок шуд

Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳадди ақал моҳе аз дафни кушташудагони ҷанги Русия бо Украина ба Радиои Озодӣ иттилоъ мерасад. Вале ягон омори расмӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ироа намегардад, ки чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон дар он муноқиша ширкат меварзанд.

Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода соли 2023 ба хабарнигорон гуфта буд, ки тақрибан 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шудаанд. Мансабдорони тоҷик аз он замон то кунун иттилои дигаре надодаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати сеюним соли ҷанг ҳеч додгоҳи ин кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.