Бародари зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, гирифтани маълумоти воқеӣ аз ҳолу сиҳҳатии ӯ душвор аст, чун барои мулоқот кам иҷоза медиҳанд ва дар ҳар яки ин вохӯриҳояш бо наздикон ҳатман ду нафар намояндагони маъмурияти зиндон аз ҷараёни сӯҳбат мушоҳида мекунанд. Сӯҳбат бо ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров баъди он анҷом шуд, ки дар остонаи даҳсолагии ҳабси вакили маъруф ва ҳомии ҳуқуқи инсон 12 созмони байнулмилии ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки ин вакили дифои шинохтаро "бидуни қайду шарт" озод кунад.
Бузургмеҳр Ёров сентябри соли 2015 баъди он ҳабс шуд, ки гуфт, омода аст аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи раёсати ҳизби баъдан мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дифоъ кунад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), Амнести Интернешнел, Созмони норвежии Ҳелсинки ва нуҳ созмони дигар дар изҳороте бо номи "Вакиле, ки баноҳақ як даҳа боз дар боздошт аст", гуфтанд, Бузургмеҳр Ёров барои дифоъ аз ҳуқуқи мухолифони ҳукумат ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст.
Радиои Озодӣ дар як тамос бо Ҷамшед Ёров, ки дар Аврупо қарор дорад, аз ӯ нахуст дар бораи вазъи саломативу аҳволи бародараш дар маҳбас суол кард:
Ҷамшед Ёров: Бо сабаби ин ки Бузургмеҳр дар маҳбаси низомаш пурзӯри ба истилоҳ “крытый” дар шаҳри Бохтар нигаҳдорӣ мешавад, гирифтани маълумоти дақиқ ва аниқ ғайриимкон мебошад. Охирин вохӯрие, ки тақрибан ду моҳ пеш наздикони мо бо ӯ карда буданд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вазъи саломатии Бузургмеҳр хуб нест. Вай ҳам дар вохӯриҳо ва ҳам номаҳо аз хешутабор талаб мекунад, ки фалон-фалон доруҳо оварда шаванд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вазъи саломатиаш хуб нест. Бе ин ҳам хуб набуд, ӯ бемории астма дошт. Дигар гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи он ки ӯ чӣ гуна он ҷо адои ҷазо мекунад, нисбаташ оё таъсири физикӣ ё психологӣ расонида мешавад ё на, ғайриимкон аст. Чун дар тамоми ҳамин вохӯриҳо аз ду тарафи ӯ меистанд ва тамоми гапзании хешутабору Бузургмеҳр Ёровро зери назорат мегиранд ва намемонанд, ки ягон ахбор берун бароранд.
Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, оё изҳороте, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар нисбати Бузургмеҳр нашр мекунанд, таъсире доранд ё на?
Ҷамшед Ёров: Пештар ҳам чунин муроҷиатҳо буданд. Аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекарданд, ки бе ягон шарту бе ягон талаботи дигар Бузугмеҳру дигар маҳбусони сиёсӣ озод карда шаванд, вале Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон ягон амал ё вокуниш ё беҳбуд барои бозбинии парвандаи онҳо намекунад ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки чунин талабҳои оддӣ ягон натиҷа нахоҳанд дод. Агар талабҳо бо фишорҳои иқтисодӣ, санксияҳо нисбати ашхоси муайяни ҳукуматӣ ё ин ки фишорҳои дипломатӣ, ба монанде, ки ҳукумати Амрико фишор овард ба режими Лукашенка ва маҳбусони сиёсӣ озод карда шуданд, агар чунин фишорҳо бо чунин талабу баёнияҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ якҷоя шаванд, шояд ки натиҷа диҳанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
12 созмони ҷаҳонӣ озодии ҳуқуқшиноси тоҷик Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд