Солҳои пеш озмун барои дархости "Green Card" аввали моҳи октябр эълон мешуд, вале ҳоло санаи дақиқи он маълум нест. Ҳарчанд, мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки аз ин пас барои дархости ширкат дар ин озмун хоҳишмандон бояд як доллари ИМА супоранд.
Сокинон дар Душанбе аз ҳоло ба марказҳои хидматрасонӣ мераванд ва худро барои ширкат дар озмуни дархости "Green Card" сабти ном мекунанд.
Сокинон акс мегиранд ва санадҳояшонро ба ин марказ месупоранд, то баъдан барояшон дархости ширкат дар бозии "Green Card" дода шавад.
Рустам Умаров, раҳбари ширкати “Гринлайт”, ки ба сокинон дар сабти ном кумак мекунад, мегӯяд, ҳанӯз сомонаи қабули дархостҳо барои "Green Card" боз нашудааст, вале аз пеш сокинон худро номнавис мекунанд.
Ӯ гуфт, сокинон расм мегиранд ва нусхаи санадҳояшонро ба онҳо месупоранд, вале нигаронанд, ки сомонаи дархости "Green Card" боз мешавад ё на.
“Ҳоло меоянд, ҳуҷҷатҳояшонро сабт мекунем, аризаҳоро мегирем ва вақте сомона боз шуд, мо маълумотҳоро ворид мекунем ва занг зада ба сокинон кодашонро мефиристем ё омада аз мо мегиранд,"--гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинем:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Довталабон мунтазири оғози озмуни иқомати доимӣ дар Амрико ҳастанд
Ҳоло маълум нест чаро сабти ном тариқи сомонаи расмӣ шурӯъ нашудааст ва сафорати Амрико дар Душанбе низ дар ин бора чизе нагуфтааст. Радиои Озодӣ аз сафорат шарҳи мавзуъро хост ва дар сурати дарёфти посух дар ин бора маълумот хоҳем дод.
Зикруллоев Мақсудшо, сокини шаҳри Норак барои сабти ном дар барномаи"Green Card" аз шаҳри Норак ба Душанбе омадааст. Ӯ орзуи рафтан ба ИМА-ро дорад.
“Агар кори хуб ёфтам, мехоҳем дар он давлат кору фаъолият кунам. Ҳозир дар ин ҷо гуфтанд, ки санадҳои издивоҷатонро биоред ва оилавӣ пур кунед,”—гуфт ӯ.
Департаменти давлатии ИМА барои хоҳишмандони ширкат дар бахтозмоӣ ё лотереяи ҳаққи иқомат дар Амрико ё “Грин корт” бори аввал пардохти ҳатмие дар ҳаҷми 1 долларро ҷорӣ намуд.
Марказҳои хидматрасонӣ, ки барои сабти ном ба сокинон кӯмак мекунанд, баъди пардохти ҳатмии як доллар, музди худро аз 50 сомонии соли гузашта ба 60 сомонӣ расондаанд.
Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва ҷойи кору ояндаи хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин кишвар бирасанд. Таваҷҷӯҳ ба ин барнома дар миёни сокинони кишварҳои пасошӯравӣ зиёд аст ва Узбекистон бузургтарин омори барандагони лотереяро дар соли ҷорӣ дошта, 5564 нафар посухи мусбат гирифтаанд. Инчунин Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар миёни барандагони калони ин бахтозмоӣ номбар мешаванд. Аз Тоҷикистон соли гузашта наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея шуданд.