Дар муколамаи навбатӣ оид ба Афғонистон дар Русия мақомоти Тоҷикистон ҳам ширкат мекунанд

Маскав, октябри соли 2024. Амирхон Муттақӣ ва Сергей Лавров - вазирони корҳои хориҷии Толибон ва Русия

Дар шаҳри Маскав рӯзи 7 октябр ҷаласаи навбатии муколама оид ба Афғонистон барпо мешавад ва дар кори он мақомоти Тоҷикистон ҳам иштирок хоҳанд кард. Интерфакс бо такя ба Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия рӯзи 2 октябр навишт, дар ҷаласаи «Чаҳорчӯби Маскав» қарор аст инчунин намояндагони ҳукумати Толибони Афғонистон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон ва Туркманистон иштирок кунанд.

Ҷаласаи пӯшида аз чашми матбуот қарор аст таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҷараён гирад. “Таваҷҷӯҳ ба мушкили оштии миллӣ дар Афғонистон ва тавсеаи ҳамкорҳои миёни кишварҳои минтақа бо Кобул дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, зиддитеррористӣ ва мубориза бо маводи мухаддир равона мешавад”, гуфт Захарова.

Толибонро дар ин ҷаласа Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон намояндагӣ мекунад ва як гуфтугӯи ҷудогонаи ӯ бо Лавров ҳам дар назар гирифта шудааст.

Ҳукумати Толибон, ки августи соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат баргаштааст, то ҳол ба ҷуз Русия дигар аз ҷониби ҳеҷ давлате ба расмият шинохта нашудааст. Ҳукумат дар Тоҷикистон бо ин ки ҳамкориҳои иқтисодиро бо Толибон идома медиҳад, гуфтааст, то замони таъсиси як ҳукумати фарогир аз гурӯҳу қавмиятҳои мухталифи сиёсию миллӣ, ин ҳукуматро эътироф намекунад.

Дар сатҳи байналмилалӣ як мояи аслии интиқод аз Толибон эҷоди ҳукумати ифротгарои исломӣ ва ба шиддат маҳдуд ва поймол шудани ҳуқуқи занону духтарон барои кору таҳсил мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳукумати Толибон интернет дар саросари Афғонистонро қатъ кардЧаро Трамп мехоҳад пойгоҳи ҳавоии "Багром" дасти Амрико бошад?Эмомалӣ Раҳмон дар СММ дар бораи Афғонистон, ҷанги Ғазза ва тағйирёбии иқлим сухан гуфт"Мактабу донишгоҳҳо мадраса шудаанд". Тарси паноҳҷӯён аз мактабҳои ТолибонМонеаҳои нав барои занони афғон, ки ҳама наздиконашонро дар зилзила аз даст доданд