Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, Путин дар Тоҷикистон бояд боздошт мешуд

Владимир Путин, президенти Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Душанбе

Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро танқид кардааст, ки Владимир Путин, президенти Русияро бо дархости Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ боздошт накардааст.

Дар изҳороти намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз рӯзи 10-уми октябр гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро иҷро накард ва Путин бе ҳеч мушкил дар Душанбе қарор дорад.

Владимир Путин барои ширкат дар ҳамоши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил шоми 8-уми октябр вориди Тоҷикистон шуда буд. Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки қароргоҳаш дар шаҳри Гаагаи Ҳоланд аст, Путинро дар содир кардани “ҷиноятӣ ҷангӣ” ва рабудани кӯдакони украинӣ айбдор карда, ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Бар пояи созишномае, ки Тоҷикистон имзо кардааст, афроди таҳти пайгарди ин додгоҳро бояд боздошт кунад.

Иттиҳоди Аврупо, ки 27 кишвари аврупоиро дар бар мегирад, гуфтааст, аз қарори Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ пуштибонӣ мекунад ва аз дигар кишварҳо ҳам хостааст, то бо ин додгоҳ ҳамкорӣ кунанд.

“Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ фармони боздошти Владимир Путинро барои ҷиноятҳои байналмилалӣ, бахусус ҷиноятҳои марбут ба ихроҷи ғайриқонунӣ ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз қаламравҳои муваққатан ишғолшудаи Украина дар заминаи ҷанги таҷовузкоронаи ӯ алайҳи Украина, содир кардааст,”—гуфта шудааст дар ин изҳорот.

Аз ин пеш, дар рӯзи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон Созмони дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз мақомоти тоҷик хоста буд, ки ӯро ба кишвар роҳ надиҳанд ё боздошт кунанд.

HRW рӯзи 8-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, ин талаб бар асоси ҳукми Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ аст, ки аз кишварҳои узв боздошти Путинро дархост кардааст.

Тоҷикистон соли 2002 созишномаи ҳамкорӣ бо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки бо номи “Созишномаи Рим” маъруф аст, имзо кардааст.

Ҳоло маълум нест, ки Тоҷикистонро барои иҷро накардани ӯҳдадориаш дар баробари Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ интизор аст. Соли гузашта, Муғулистон, кишвари дигари узви ин Додгоҳ низ Путинро ба қалмараваш роҳ дода, аз иҷрои ӯҳдадориаш сарфи назар карда буд.