Манбаъҳои боварбахши Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, Аслиддин Меликзода, муовини пешини ӯ дар фурудгоҳ, Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ рӯзи 17-уми сентябр бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ва бо супурдани 300 миллион сомонӣ - муодили наздики 32 миллион доллар аз боздошт раҳо шудаанд.
Як манбаъ, ки бо далелҳои амниятӣ хост ному вазифааш нашр нашавад, гуфт, “чораи пешгирӣ аз ҳабс дар нисбат ба онҳо тағйир кардааст, вале парвандаашон қатъ нашудааст ва онҳо ваъда додаанд, ки беш аз 700 миллион сомонии дигар (наздики 74 миллион доллар)-ро мепардозанд”.
Ӯ гуфт, онҳо 4 моҳу 17 шабонарӯз дар боздошт буданд.
Шоми имрӯз назди манзили Абдуллозода мошинҳои зиёде истода буданд ва меҳмонони зиёд барои шодбошу табрик ба ин ҷо омадаанд. Чанде аз онҳо низ озодии ӯро тасдиқ карданд.
Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи фурдугоҳи Душанбе чор моҳ пеш бо гумони аз худ кардани беш аз 1 миллиард сомонӣ боздошт шуда буд.
Ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҷуброни зиён ва озодии шартии ин афрод хабар надодаанд, вале озод шудани онҳо, ки дар таърихи ҷиноятҳои кишвар шояд азимтарин ҳолати бо коррупсия боздошт шудани як мақоми наздик ба ҳукумат бошад, суолу пурсишҳои зиёде ба миён меорад. Дар гузашта чунин мавридҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Ба вижа дар шароите, ки дар бисёр ҳолатҳои дигар додгоҳҳо дар Тоҷикистон барои азхудкунии миқдори дар муқоиса бо ин хеле ками маблағҳои давлат - омӯзгорону духтурон, раисони ҷамоатҳову дигар мақомдорони сатҳи поён ва миёна ҳукмҳои хеле сангинро содир мекунанд ва онҳоро бетағйир мемонанд.
Маълум нест оё дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам огоҳ аст ё на, чун қарори аз вазифа гирифтани Абдуллозода дар моҳи май бо дастури ӯ сурат гирифта буд. Президент Раҳмон, ки пайваста ба мубориза бо фасоду коррупсия даъват мекунад, аз ҷумла, 17 июли соли ҷорӣ дар Маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ бори дигар ба "муборизаи беамон бар зидди коррупсия" даъват намуд.
"Беш аз 100 миллион долларро тасарруф кардаанд"
Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллоҳзода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон шумурда мешавад, нӯҳ сол дар мақоми раиси фурудгоҳи Душанбе кор кардааст, рӯзи 2-юми майи имсол аз мақомаш барканор ва дастгир шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон он рӯз навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд".
Моҳи август Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар нишасти хабарии нимсолаи ниҳодаш гуфт, Абдуллозода ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, муттаҳам шудаанд.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Аз ин ҳисоб, тасарруфи 961 миллион сомонӣ ба худи Исматулло Абдуллозода рост меояд.” Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки раиси собиқи Фурудгоҳи Душанбе ба истифодаи нодурусти тақрибан панҷсад миллион сомонӣ айбдор аст.
“Ин кор тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва тасарруфи маблағҳои Фурудгоҳ бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ сурат гирифтааст,” – шарҳ дод раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ.
Ӯ афзуд: “Нисбат ба раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе Абдуллозода, нисбат ба муовини ӯ Маликзода, сардори хадамоти таъминот ва хидматрасонии фурудгоҳ Давлатов, мудири анбор Холов, сармуҳосиб Исматуллозода, хазинадори ҷамъият Ҷӯраев, инчунин, роҳбарону намояндагони молрасон ва дигарон ҷамъ нисбат ба 22 нафар парванда оғоз гардид. Ҳоло тафтиш идома дорад.”
Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин афрод бо ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон) ва “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” (аз панҷ то ҳафт сол зиндон) айбнома эълон шудааст.
То 8 август, ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, “аз пулҳои тасарруфшуда 281 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонда шуда, ҷиҳати барқарории пулҳои боқимонда чораҳои зарурӣ гузаронда истодаанд.”
Яке аз наздикони Абдуллозода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тобистони имсол гуфта буд, ки баъзе амволи ӯ, аз ҷумла чор тарабхона дар Душанбе, ду осоишгоҳ дар атрофи пойтахт ва чанд манзили зист дар вилояти Хатлонро ба фурӯш гузоштаанд.
Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода, аз хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди хешутаборӣ доранд, раиси фурудгоҳ таъин шуд. Ба иттилои Сулаймон Султонзода, санҷиши Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе дар солҳои 2022-2025 сурат гирифтааст.