Рӯз панҷшанбеи 18 сентябр президенти Русия Владимир Путин бо раҳбарони ҷиноҳҳои пирӯз дар интихоботи миёндавраии ин кишвар масъалаи муҳоҷирати кориро баҳс кард. Мушкили муҳоҷират аз масъалаҳои мубрам дар ин интихобот ва аслан, дар барномаҳои сиёсии давлат, парламент ва гурӯҳҳои сиёсии Русия буд.
Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқоташ бо сарони ҷиноҳҳои Думаи давлатӣ гуфт, "масъалаи лағви патент барои муҳоҷирони корӣ бояд баррасӣ шавад.
"Лағви низоми патентӣ барои муҳоҷирон як пешниҳоди хуб аст, - гуфт Путин. - Бояд дар ин бора фикр кунем. Он зиёд истифода мешавад ва ман чизеро истисно намекунам."
Ба қавли Путин, муҳоҷирати корӣ аз соҳаҳои ҳассос дар Русия ба шумор меравад ва мақомоти марказиву маҳалҳо набояд онро нодида гиранд.
Ин суханони Путин ҷавоб ба Сергей Миронов, раҳбари яке аз ҷиноҳҳои Думаи давлатӣ - палатаи поёнии парламенти Русия аст, ки лағви патент ба муҳоҷиронро матраҳ кард.
Дар мулоқоти бахшида ба натиҷагирӣ аз интихоботи миёндавраии Русия Миронов пешниҳод кард, низоми патентӣ бекор шуда, ба Русия муҳоҷиронро танҳо тавассути саҳмия ва ё квотаҳои корӣ роҳ диҳанд. Миронов бо мухолифати шадидаш ба ҳузури муҳоҷирони корӣ ном баровардааст.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт: "Омори расмӣ вуҷуд дорад, ки фақат 28 дарсади муҳоҷирон барои кор ба Русия меоянд. Дигарон барои чӣ меоянд? Боз оилаҳояшонро ба ин ҷо меоранд. Таҳсил дар мактабҳоро ҳам мушкил мекунанд. Мо пешниҳод мекунем, ки агар кадоме аз муҳоҷирон ҷиноят содир кард, ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад ва тамоми оилаву авлодаш фавран аз Русия ихроҷ гардад. Ҷавобгарии дастаҷамъӣ. Бигзор барои амалкарди наздиконашон ҷавоб диҳанд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Путин гуфт, мавзӯи "бекор кардани патент бояд баррасӣ шавад"
Патенти кории муҳоҷирон санади расмӣ буда, ба муҳоҷироне, ки ба Русия бидуни раводид меоянд, имкони қонунии корро фароҳам меорад. Ба қавли мақомдорони рус, патент барои назорати мавҷи муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон зарур аст.
Дар Маскав нархи патент ба 8900 рубли русӣ баробар аст. Даромад аз патент дар саросари Русия садҳо миллион долларро ташкил медиҳад.
20 марти соли равон Путин фармон дод, ки дар сурати иҷрои баъзе талабот ва, аз ҷумла супурдани изи ангушт, ташхиси тиббиву наркологӣ ва надоштани бемориҳои гузаранда, муҳоҷирон аз гирифтани патенти корӣ озод шаванд.
Қабл аз он ҳукумати Русия пешниҳод карда буд, ки низоми даъват ба кори хориҷиён тағйир ёфта, вуруди озоди муҳоҷирони корӣ ба Русия манъ гардад. Ҳамчунон пешниҳод мешуд, ки кордиҳанда хароҷоти овардани муҳоҷиронро бар уҳда гирад ва дар ҳоли ихроҷ, муҳоҷир бояд пули барои муоинаву таълим ва таъмини кории ӯ харҷшударо ҷуброн кунад.
Моҳи июли соли равон ҳукумати Русия имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони довталаби патент ё худ парвонаи кор ва ҳамчунон ҳаққи иқомати доимӣ дар ин кишварро аз ҳисоби дохил намудани бахши суҳбат ва фаҳмиши гуфтори русӣ душвортар кард.
Мақомоти Русия гуфта буданд, ки беш аз 700 ҳазор муҳоҷир дар ин кишвар санади дуруст барои ҳузур дар ин кишварро надоранд ва агар то 10-уми сентябр санадҳояшон аз нав таҳия нашаванд, аз кишвар ихроҷ мешаванд.
Онгуна, ки интизор мерафт, пас аз ба анҷом расидани муҳлати қонунигардонии муҳоҷирон дар рӯзи 10-уми сентябр, мақомоти Русия ба рейдҳои сартосарии пур аз хушунат даст задаанд.
Дар айни замон мақомоти Русия зоҳиран, барои ба даст овардани сармояи сиёсӣ ва дилгарм намудани муҳоҷирони корӣ аз Украина ва Молдова, онҳоро аз баъзе пардохтҳои марбут бо будубош дар Русия ва ҳаққи кор дар ин кишвар озод кардаанд.
Русия макони аслии ҷустуҷӯйи кору даромад барои садҳо ҳазор шаҳрванди бекори Тоҷикистон аст. Ҳоло Русия фишору маҳдудият ба муҳоҷиронро афзоиш додааст ва дигар ин кишвар макони амне барои муҳоҷирон дониста намешавад.