Шикоят аз нархи баланди "Jura" такси

Дар чанд ҳафтаи ахир шикоятҳо аз гаронии нархи таксиҳое, ки бо номи “Jura” маъруф шуданд, зиёд садо медиҳад. Баъзе сокинон мегӯяд, бидуни огоҳии пешакӣ ё кадом эълоне нархномаи “Jura” боло рафта, хароҷоти сафари мусофикронро афзудааст. Фирӯз Сафаров, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, агар дар моҳи август барои сафар бо ин навъи такси аз хона то ҷои кораш 12 сомонӣ сарф мекард, ҳоло нарх то 20 сомонӣ афзудааст.

Аслан “Jura” замимаест, ки дар назар аст, марҳила ба марҳила дар ҳама таксиҳои Душанбе роҳандозӣ гардад. Ҳоло бахше аз таксиҳо онро доранд. Нархномаи таксиҳои дигар дар 2,5 километри аввал 10 сомонӣ ва баъдан ҳар километр 3 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аммо арзиши хидматрасонӣ дар ин навиштаҷоти марбут ба замимаи “Jura” вобаста ба шароити таксӣ аз 12 то 45 сомонӣ гуфта шудааст, ҳарчанд дар бархе аз чунин эълонҳо аз 10 сомонӣ боло сабт гаштааст.

Умед Қурбонов, ки ронандаи такси аст, гуфт, нархномаи ҳам “Олуча-такси” ва ҳам “Ҷӯра-такси” як хел аст”.

Масъулони “Jura” ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд.

Дар бораи боло рафтани роҳкирои таксиҳо бо замимаи “Jura” дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсу нигарониҳо ба назар мерасад. Хабарнигор Исматулло Абдуллоев аз онҳоест, ки дар шабакаи Фейсбук аз гаронии нархи таксиҳои маъруф бо номи “Jura” танқид кард. Ӯ гуфт, баъди навиштаи ӯ як намояндаи ширкат бо ӯ дар тамос шуд. Исматулло Абдуллоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Баъд аз навиштани мо дар “Фейсбук” як нафар занг заду худашро менеҷери ширкат муаррифӣ кард. Баъд гуфт, ки мушкил дар барномаашон будааст. “Барнома ҳоло дар ҳолати санҷишӣ аст”, гуфтанд. Онҳо гуфтанд, ки ин мушкил дар аввал буд, яъне вақти дар танбашавии роҳ дармондани мошинҳо, ба гуфтааш, “пули зиёдатӣ мегирифт, яъне ҳар 60 сонияро ҳисоб мекард. “Акнун, - гуфтанд, - ин мушкилот ҳал шудааст, нархнома ба ҳамон нархномам пешина ҳисоб карда мешавад”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикоят аз нархи баланди "Ҷӯра такси"

Маълум нест, масъалаи гаронии таксиҳои “Jura” то куҷо ҳалли худро меёбанд, зеро ҳоло ин замима санҷишӣ буда, ниҳоӣ нашудааст.

Мушкили нархи таксӣ, фармоишу интизории бештар кашидан дар гузашта борҳо баҳсҳоеро ба миён гузоштааст. Раҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон дар нишастҳои расмӣ аз зеҳни сунъӣ ё рушди технологияҳои муосир суҳбат мекунанд, вале дар таксиҳои Душанбе то ҳол мисли кишварҳои хориҷа замимаҳои махсуси фармоиши таксӣ, ки метавонад ба бештари баҳсҳо хотима гузорад, роҳандозӣ нашудааст.

Дар баробари шикояти мусофирон, бархе ронандагон ҳам аз мушкил шудани корашон борҳо шикоят кардаанд. Чунин нигарониҳо баъди он сурат гирифт, ки ҳукумати Душанбе танҳо ба чор ширкати мусофиркашӣ квота ё иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дода, шумораи таксиҳоро аз чор ба 12 ҳазор боло бурд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Занг мезанед, намеоянд". Шикоятҳо аз кори таксиҳо дар Душанбе"Ин ҷабр аст". Нигаронии таксиронҳо аз ояндаи корашон дар ДушанбеВазир гуфт, баҳс бо таксиронҳо поён ёфт, ронандагон дигар чиз мегӯяндТаксиронӣ дар Душанбе "монополия" мешавад?