Зани муҳоҷир: нон овард, хуб аст; пул надорад - бад аст?

Занҳое, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, бисёр вақт дар корҳое бо даромади паст ба кор қабул мешаванд

Як гузориши нав мавзӯи муҳоҷирати занони сокини Қирғизистон ва Тоҷикистон ба хориҷаро таҳқиқ карда паҳлӯҳои то ҳол камомӯхташудаи фаъолияти кории ин гурӯҳро дар қиёс бо ҳам таҳқиқ кардааст.

Гузориши нави муҳаққиқони Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (IOM) бо номи «Паҳлӯҳои гендерии муҳоҷират ва бозгашт. Таҷрибаи занони Қирғизистон ва Тоҷикистон» рӯзи 15 октябр нашр шуд. Он бар пояи мусоҳибаҳои як ба як ва гурӯҳӣ бо даҳҳо заноне дар ин ду кишвар таҳия шудааст, ки дар давоми чанд соли ахир муҳоҷиратро таҷриба кардаанд. Пурсишҳо моҳҳои май ва июни соли 2025 барпо шуда, дар Тоҷикистон, аз ҷумла занҳои аз муҳоҷират бараштаву сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Кӯлоб дар пурсиш иштирок кардаанд.

Яке аз хулосаҳои муҳаққиқон ин аст, ки агар занҳо аз Қирғизистон аксаран ба хотири дастёбӣ ба як истиқлолияти молӣ ва дарёфти кору даромади мустақилона ва бисёр вақт барои кӯтоҳмуддат ба муҳоҷирати корӣ бираванд, бисёр занони тоҷик ба хотири ҳамроҳии ҳамсаронашон ва барои дарозмуддат ватанро тарк мекунанд. Барои ҳарду гурӯҳ Русия макони асосии муҳоҷират буда, занҳои қирғизистонӣ инчунин талош мекунанд ба кишварҳои мисли Туркия ё Иттиҳоди Аврупо ҳам ба хотири дастёбӣ ба бозори васеътар ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳимоятшудаи кор раҳсипор шаванд.

То миёнаҳои соли 2024 дар маҷмӯъ аз Қирғизистон 540 ҳазор сокин дар муҳоҷират қарор дошт ва 55% ё 298 ҳазор нафарашон зан ва боқимонда мард буданд. Русия (57%), Қазоқистон (21%), Туркия (10%) , Украина (5%) ва Тоҷикистон (2%) макони асосии муҳоҷирати кории онҳо будааст. Соли 2024 муҳоҷирон ба Қирғизистон 3 миллиард доллар пул интиқол додаанд, ки 17% ММД будааст.

IOM менависад, то миёнаҳои соли 2024 аз Тоҷикистон 515 ҳазор нафар дар муҳоҷират қарор дошта 43% ё 219 ҳазор нафари онҳо занҳо будаанд. Солҳои аз ин пеш шумори занҳои муҳоҷир аз Тоҷикистон дар ҳудуди 15% гуфта мешуд. Самти асосии муҳоҷирати занҳо аз Тоҷикистон кишварҳои Русия (77%), Украина (7%), Қазоқистон (6%), Туркия (3%) ва Узбекистон (2%) мебошад. Соли 2024 ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон 5,8 миллиард доллар ё 48%-и ММД-ии Тоҷикистонро ташкил додааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зани муҳоҷир: нон овард, хуб аст; пул надорад - бад аст?

Бо вуҷуди "Крокус" занҳои тоҷик бештар ба муҳоҷират мераванд

Занҳои муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аксарашон маълумоти миёнаи пурра ва олӣ доранд, дар корҳое бо пардохтҳои кам дар соҳаи хидматрасонӣ, ошхонаву пухтупаз ваё тамизкорӣ машғул мешаванд.

Гузориши IOM мегӯяд, “ҳарчанд муҳоҷирати корӣ ба Русия баъди шурӯи ҷанг дар Украина ва ҳамла ба толори консерии “Крокус” дар Маскав моҳи марти соли 2024 назар ба гузаштаҳо хатарноктар шудааст, занон аз Тоҷикистон, ба вижа аз рустоҳо бо вуҷуди монеаҳое дар ҷомеаи мардсолонашон, боз ҳам ба муҳоҷират мераванд”.

Муҳаққиқон аз занҳо, аз ҷумла пурсидаанд, ки оё дар муҳоҷират бо чӣ чолишҳое рӯбарӯ шудаанд. Онҳо гуфтаанд, дар баробари мушкилоти мисли хуб надонистани забон, мушкилоти санаду муроҷиат ба сохторҳои давлатӣ, нақзи ҳуқуқашон дар кору ҷомеа, занонҳои тоҷик гуфтаанд, бо “фишор аз ҷониби аъзои ҷомеаи худӣ” рӯбарӯ мешаванд.

Гузоришгарон ба таври ҷудогона занҳоро дар бораи даромади пулиашон пурсидаанд ва 65% занони қирғизистонӣ ва 74% занҳои тоҷикистонӣ гуфтаанд, ки ба хонаводаҳояшон аз муҳоҷират пул мефиристанд ва дар бисёр оилаҳо пулҳои онҳо даромади асосӣ ба шумор меравад.

“Маълумоти бадастомада тасдиқ мекунад, ки вақте занҳо худро ноновари асосии оилаҳояшон эҳсос мекунанд, баъди бозгашт, истиқлоли молии онҳо аз даст меравад, чун мардон назорат бар хароҷоти пулҳои онҳоро дар ихтиёри худ мегиранд ва меъёрҳои падарсолор дар зиндагиашон қудрати қарорқабулкунии занҳоро маҳдуд мекунад”, таъкид кардаанд муаллифони гузориш.

Воқеиятҳои дигар барои занҳои муҳоҷир дар ватан

Дар идома омадааст, аксар занҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, зарурати инро на дар талоши нирӯмандтар шудани худ ба унвони як коргар ё шахсият, балки аз маҷбурӣ ва ҳамчун як фидокории шахсӣ арзёбӣ мекунанд, чун баъди бозгашт бояд аз рӯи қолабҳои шахшуда дар бораи нақши як зани суннатӣ рафтор кунанд.

Барои ба муҳоҷират рафтани занҳо, танҳо ҳам бошанд, ба фарқ аз мардон, иҷозаи наздикон ва хешутаборашон зарур аст. “Барои ин занҳо муҳоҷират барномаи муҳими зиндагӣ барои эҷоди як корномаи шахсӣ ва истиқлоли инфиродӣ нест, балки бештар як стратегияи зинда монда мебошад”, мегӯянд муаллифони гузориш.

Бисёр занону мардоне, ки аз муҳоҷират бармегарданд, дар ватан дар талоши пайдо кардани кор намешаванд. “Масалан занҳо, бо вуҷуди мушкилот дар хориҷа, муҳоҷиратро барои худ як роҳи истиқлолияти молӣ арзёбӣ мекунанд, чун аз ин имконият дар хонаашон маҳрум ҳастанд”, - омадааст дар гузориш.

Дар пурсиш аксар занони ҳарду кишвар гуфтаанд, ки барои онҳо бозгашт ба ватан баъди муҳоҷират аз назари ҳамоиши дубораашон бо ҷомеаву наздиконашон мушкилоти иловагӣ эҷод мекунад, ба вижа агар онҳо натавонистанд бо худ пули муайяне биёранд. “Ба фарқ аз мардон, ки онҳоро баъди бозгашт аз муҳоҷират ҳамчун қаҳрамон истиқбол мекунанд, - мегӯянд муаллифони гузориш, - занҳо бо воқеиятҳои дигаре рӯбарӯ мешаванд. Зане, ки бидуни захираҳои пулӣ баргашт, бисёр вақт ҳамчун як шахси номуваффақ арзёбӣ мешавад, аз ӯ дар бораи корҳои дар муҳоҷират кардааш бисёр савол мекунанд”.

“Зани тоҷик, бахусус аз шавҳар ҷудошуда, бевамонда ё модари танҳо бисёр вақт аз ночорӣ ба муҳоҷират меравад, - омадааст дар гузориш. – Ҳузури дарозмуддат дар муҳоҷират занҳоро водор мекунад, ки барои худ ҳадафҳои ояндадори молӣ фикр кунанд, ба мисли ҷамъоварии пул барои сохтмон ё таъмири хона, харидани моликият ваё барпо кардани тӯи фарзандон”.

Гузоришгарон ба тамосҳои иҷтимоии занҳо ҳам таваҷҷӯҳ карда мегӯянд, занҳои муҳоҷир аз Қирғизистон замони ҷустуҷӯи кору шароити будубош дар Русия ба маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет зиёд такя мекунанд, дар ҳоле, ки занҳо аз Тоҷикистон бештар ба маълумоти инфиродии шахсони дигар. Аксар муҳоҷирони зан ва мард аз Тоҷикистон гуфтаанд, ки мехоҳанд рафтуомадашон ба муҳоҷират идома кунад, дар ҳоле, ки қирғизистониҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд дар ватан бимонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Фарзандонамро аз Русия баргардон." Баҳси як зани муҳоҷир бо шавҳараш"Ноҳақ зиндонӣ шудааст! Барои озодиаш ҷадал хоҳам кард!" (Рӯзгори муҳоҷир #34)"Шавҳарамро бурданд, дар мулки ғарибӣ танҳо мондам".( Рӯзгори муҳоҷир #32)На хӯрок медиҳанд, на дору. Вазъи бади муҳоҷири тоҷик бо се кӯдак дар боздоштгоҳи Русия