Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ гуфт, бархе сокинон муроҷиат кардаанд, ки дар баробари тибби анъанавӣ, ки табибони соҳибмаълумот ба муолиҷаи беморон машғул мешаванд, дар беморхонаҳо табибони халқӣ низ фаъолият кунанд. Радиои Озодӣ назари мардумро дар ин бора пурсид.
Дар ним соли ахир бонкҳои Тоҷикистон ба мардум ва корхонаҳо тақрибан $130 млн қарз додаанд. Аз ин ҳисоб тақрибан 50%-аш ба мардум рост меояд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки оё бидуни қарз дар Тоҷикистон рӯзгорро пеш бурдан мумкин аст? Оё худи онҳо қарздор ҳастанд ва бештар барои чӣ қарз мегиранд?
“Ба Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент ва назди муовини раиси шаҳр рафтам...” Мунаввар Раҳмонова, сокини шаҳри Ваҳдат, иддао дорад, ки мақомот як духтарашро ноодилона ба солҳои дарози зиндон маҳкум карда, дигареро дар боздошт нигоҳ медоранд, вале касе доди ӯро намешунавад.
Бонки Ҷаҳонӣ чанде пеш гуфт, барои он, ки Тоҷикистону Узбекистон ба сатҳи кишварҳои даромадашон боло бирасанд, 100 сол зарур аст. Он ҳам ба шарте, ки агар дар иқтисод ислоҳоти ҷиддӣ сурат бигирад. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки барои ба як кишвари даромадаш боло расидани Тоҷикистон чанд сол зарур аст?
Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳи чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар шудаанд.
Аксари мардуми Тоҷикистон аз шодии поёни маҳдудияти зимистонии барқ сер нашуда, ба ғами бебарқиҳои тобистонӣ гирифтор шудаанд. Масъулони бахш аз гармо то тарҳу лоиҳаҳои навро баҳонаҳое баро ин бебарқӣ метарошанд.
Зиндагӣ дар Олмон аз Тоҷикистон чӣ фарқҳо дорад. Роҳҳои дурусти муҳоҷират ба Олмон кадоманд ва харҷаш чӣ қадар аст? Чаро як давлати аврупоӣ ба муҳоҷирон имтиёзҳо медиҳад ва онҳоро дастгирӣ мекунад? Салмон Юнусов, блогери тоҷик ҳамин мавзуъҳоро дар саҳфааш таҳлил ва баррасӣ мекунад.
Дар Душанбе нусхаҳои нодири осори Ҳофизи Шерозӣ, шоири маъруфи форсизабон ба намоиш гузошта шуд. Ин ҳамон нусхаҳои хаттие буд, ки аз 11 то 14-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба мухлисони Ҳофизи Шерозӣ пешниҳод шуда буд.
Вазорати корҳои дохилии Литва қарор кард, марказе, ки дар Тоҷикистон барои хоҳишмандони кор дар ин кишвар иқомати муваққатии зист медиҳад, тирамоҳи имсол баста шавад.
Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи аксҳои гирифтаи Заур Дахте, филмбардори шинохтаи тоҷик муаррифӣ шуд. Хонаводаи ин аксбардори шинохта гуфтанд, 200 акси гирифтаи Заур Дахтеро ба намоиш гузоштанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки оё медонанд созишномаи сулҳ кай ва миёни кадом ҷонибҳо имзо шуд?
Ду муҳоҷири тоҷик, бародарон Саидакрам ва Умар Расулҷонзодаҳо, ки дар Русия ба гуноҳи ҳамла ва латукӯби кормандони пулис зиндонӣ шуда буданд, пас аз адои ҷазо ба Тоҷикистон баргаштанд. Мегӯянд, ба хато роҳ доданд, аммо пулиси Русия низ айбдор буд, ки чунин вазъиятро пеш овард ва онҳоро таҳрик дод.
Марги писарчаи дусола дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе ҷомеаро таккон дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доғеро ба миён овард. Таҳқиқи қазия аз сӯи додситонӣ оғоз ёфтаст.
Марги тифли дусола дар як кӯдакистони Душанбе вазорати маорифро водор кард, ки бо нашри баёнияе паҳн кардани видеои дилхароши ҷон кандани кӯдакро маҳкум кунад. Худи кӯдакистони хусусии “Саволу ҷавоб” баста аст ва таҳқиқи фоҷиа, ба гуфтаи мақомот, идома дорад.
Манъи корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди ба номи Умари Форуқ, ки дар Душанбе бо номи “Масҷиди Аминҷон” маъруф аст, боиси нигаронии бархе сокинону намозгузрон шудааст. Онҳо мехоҳанд аз ҳисоби худ масҷидро таъмиру азнавсозӣ кунанд, вале мақомот иҷоза намедиҳад.
Оҷонсии зидди фасод дар бораи сатҳи фасод миёни 10 ҳазор кас назарпурсӣ гузарондааст. Хулосаи ин пурсиш феълан маълум нест, аммо шикоятҳо аз фасод дар идораҳои давлатӣ кам нест. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсиданд, ки дар Тоҷикистон бе додани пора кор саривақт ҳал мешавад?
Рӯзи 16-уми май аввалин гуруҳи зоирини тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Имсол Арабистон барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шудаааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки имкони ба ҳаҷ рафтан доранд?
Ёфтҳои бештар