Дар чанд ҷумла
Аз сокинони Тоҷикистон хоста шуд, ки ба Чин нараванд
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинон хостаанд, ки дар авҷи паҳн шудани вируси хатарноки нав дар Чин, аз сафар ба он кишвар худдорӣ кунанд. Аз Тоҷикистон асосан тоҷирон барои харид ва овардани мол ба Чин мераванд.
Вазорат рӯзи 1-уми феврал бо нашри муроҷиати расмӣ аз шаҳрвандони кишвар дар Чин хост, дар бораи худ ба сафорат дар Пекин хабар диҳанд. Як рӯз пеш вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода хабар дод, ки дар Вуҳон, маркази кашфи вируси нав, ҳоли ҳозир 43 донишҷӯи тоҷик мондаанд. 18 нафари дигар чанде пеш барои таътил ба кившар омадаанд.
"Бино ба маълумоти расида, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона сабт нашудааст", -- гуфта шудааст дар муроҷиати Вазорати умури хориҷӣ.
Як рӯз пеш парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин қатъ шуд. Мақомот мегӯянд, гузаргоҳҳои марзиро низ зери назорат гирифтаанд.
Чин ҳамсояи девор ба девор ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст. Дар кишвар низ садҳо шаҳрванди Чин дар сохтмони роҳҳо ва конҳои зеризаминӣ кор мекунанд.
Бар асари коронавирус дар Чин беш аз 200 нафар ҷон дода, ҳазорҳо каси дигар гирифтор шудаанд. Мавридҳои олуда шудан ба ин вирус дар кишвар дигар низ сабт гардидааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
ФСБ аз бонкҳо хост, ки мукотибаву маълумоти муштариёнро ба онҳо дастрас кунанд
Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ аз бонкҳои Русия хостааст, мукотиба бо муштариён ва маълумоти бонкии онҳоро барои ниҳодҳои қудратӣ ҳифз кунад.
Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба хабаргузории РБК навиштааст, ки ташкилоти қарзӣ бояд то соли 2027 низом ё системаи тафтишотӣ – фаврӣ ва дастгоҳҳои махсусе ро насб кунанд, ки ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад ба таври фосилавӣ дар бораи муштарии бонк маълумот дастрас кунад.
Тибқи қонун чунин барномаҳоро бояд онҳое насб, кунанд, ки масъулияти паҳн кардани иттилоъро доранд. Хадамоти амнияти Федеролӣ бар ин аст, ки бонкҳо чунин мақомро доранд, чун дар сомона ва замимаҳои мобилии онҳо корбарон имкон доранд байни ҳам мукотиба кунанд.
Дар феҳрасти паҳнкунандагони маълумот аз соли 2019 хадамоти “Сбербанк Онлайн” шомил шудааст. Дар бонкҳои калони Русия ин талаби ФСБ-ро шарҳ надодаанд.
Доналд Трамп бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад
Мақомоти расмии Амрико гуфтаанд, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи 28-уми октябр бо такя ба як манбаи огоҳ аз ин ҳамоиш навиштааст, вохӯрии раҳбари Амрико бо президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт. Масъулини Қасри сафед, ин мулоқотро, ки бино ба гузориши “Рейтерз” қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр баргузор шавад, шарҳ надоданд.
Кристофер Ландау, муовини вазири корҳои хориҷии Амрико, пас аз дидор бо мақомоти расмии Узбекистон гуфт, ки президент Шавкат Мирзиёев, ҳафтаи оянда бо Доналд Трамп мулоқот хоҳад кард. “Сафари ӯ бояд роҳро барои як мулоқоти олӣ байни раҳбарон боз кунад” – навиштааст, Ландау рӯзи сешанбе дар саҳифааш, дар шабакаи иҷтимоии X.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳам чанд рӯз пеш, эълон кард, ки дар ин мулоқот ширкат мекунад. Вай аз Доналд Трамп барои даъват изҳори сипос намудааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз расман дар бораи ин ҳамоиш ва барномаи дидори президенти кишвар бо раҳбари Амрико хабаре надодаанд. Ҳафтаи равон сафари Доналд Трамп ба кишварҳои осиёӣ шурӯъ шуд.
Қарор аст, рӯзи панҷшанбе вай бо Си Ҷинпин раиси ҷумҳури Чин мулоқот кунад. Трамп талош дорад, пеш аз гуфтугӯ бо Си Ҷинпин дар бораи созиши тиҷоратӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, мавзеи Вашингтонро тақвият кунад.
Омбудсмен аз Русия барои мулоқот бо маҳбусони рус ба Тоҷикистон омад
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия барои шиносоӣ бо вазъи маҳбусони рус аз як зиндон дар Тоҷикистон боздид кард.
Татяна Москолкова, омбудсмени рус дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо маҳбусон аз Русия мулоқот кардааст.
Дар ин бора рӯзи 27-уми октябр, дар сомонаи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст. Манбаъ навиштааст, Москалкова дар вохӯрӣ бо зиндониёни рус аз онҳо дар бораи шароити муассиса ва сиҳатияшон пурсон шудааст. Вай ҳамчунин аз ҷойи хобу, қисми тиббӣ ва ҷойҳои дигари зиндон дидан кардааст.
Маҳбусони рус ба омбудсмени кишвари худ аз дурии роҳ ва душвор будани дидорбинӣ бо наздиконашон шикоят карда, хостори мусоидат барои истирдоди онҳо ба ватанашон шудаанд.
Мақомот нагуфтаанд, ки дар ин зиндон чӣ теъдод маҳбуси рус нигаҳдорӣ мешавад. Моҳи сентябр омбудсмени тоҷик ҳам дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо маҳбусони хориҷӣ, аз ҷумла зиндониён аз Русия дидору сӯҳбат карда буд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки аз вазъи Тоҷикистон мушоҳида мекунанд, мақомотро борҳо барои барои поймолшавии ҳуқуқ, азияту озор ва ҳам шиканҷа дар муассисаҳои баста танқид кардаанд.
Боздиди ваколатдор Татяна Москолкова аз вазъи зиндониёни рус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз дидору сӯҳбати Омбудсмени тоҷик аз шароити зиндониёни ин кишвар дар маҳбасҳои Русия хабаре нарасидааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва бахши зиёди онҳо маҷбуран ба ҷанги Украина бурда шудаанд. Аксарияти дигар дархост кардаанд, ки барои идомаи адои ҷазо ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.
Аз соли нав нархи патент дар Русия боло меравад
Бо наздик омадани соли нав мақомот дар шаҳру навоҳии мухталифи Русия тасмимашонро дар бораи боло бурдани нархи патент, барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар, эълон карданд.
Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дар сад боло мебаранд, аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ, 2950 рубл бештар будааст. Мақомоти ин вилоят гуфтанд, аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск 37 дар садаш тоҷиконанд.
Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт - Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рублӣ русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт Петербуг ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Русия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.
Ҷаримаи як нозир барои "дузди"-и нерӯи барқ
Оҷонсии назорати энергетикӣ аз ошкор шудани ҳолати “дуздӣ”-и барқ аз ҷониби як корманди "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и шаҳри Хуҷанд ва соҳиби як нуқтаи шустушӯйи нақлиёт хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, корманди Шабака дар машварат бо соҳибкор ва бо роҳи ғайриқонунӣ ба нуқтаи шустушӯи нақлиёт нерӯи барқ пайваст кардааст.
Барои ин амал вай бо иттиҳоми “иҷро накардани уҳдадориҳо ва талаботи муқарраркардаи қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ” ҷарима шудаанд.
Оҷонсӣ миқдори ҷаримаро ошкор накардааст. Назари корманди "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва соҳибкор дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бино ба иттилои Додситони кулли Тоҷикистон дар ним сол барои истифодаи ғайриқонунӣ ва ё дуздиву таъхир дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ 3800 нафарро ба ҷавобгарии моддиву интизомӣ ва маъмурӣ кашидаанд.
Дар саросари Тоҷикистон 190 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гуфтаи додситон, бештар аз 270 миллион сомонӣ зиёни расидаро ҷуброн кардаанд.
Даъват ба сафи артиши Русия аз ин пас тамоми сол сурат мегирад
Думаи давлатии Русия рӯзи сешанбе қонунеро қабул кард, ки бар асоси он метавонанд, ҷавононро тамоми сол ба сафи артиш даъват кунанд. Дигар даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ мавсимӣ нахоҳад буд, вале даъватшудагонро ба ҷойи хидмат дар як сол ду бор мефиристанд.
Дар сурати имзои қонун, кумиссиёнҳои даъват ба сафи артиш тамоми сол кор мекунанд, муоинаи тиббии даъватшудагону ташхиси равонии онҳо муназзам идома меёбад.
Муаллифони қонун гуфтаанд, ки ин кор метавонад, сифати даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русияро боло барад, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот мехоҳанд, аз ин роҳ низомеро ба роҳ монанд, ки пайваста сафи артишро бо сарбоз пур кунад.
Зоҳиран ҷанги Русия дар Украина ва талафоти афзояндаи артиши он дар ҷанг, мақомоти Русияро маҷбур кардааст, ки дар ҷустӯҷуи роҳҳои нави сафарбарии ҷавонон ба артиш ва ҳамингуна ба ҷанг бошанд.
Додгоҳи Итолиё амр дод, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бисупоранд
Додгоҳи болоӣ дар шаҳри Болоняи Итолиё амр додааст, ки Сергей Кузнетсов, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бидиҳанд, чун муфаттишон собит кардаанд, ки ӯ дар таркиши лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ-1» ва «Маҷрои шимолӣ-2» даст дорад.
Додгоҳ ҳукми додгоҳҳои поёниро дар бораи истирдод накардани Кузнетсов беэътибор кардааст. Вакили дифои гумонбар дар ҷиноят Никола Канестрини гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба Додгоҳи болоии таҷдиди назар дар Итолиё шикоят мебарад, зеро дар ҷараёни тафтишот ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд.
Ба гуфтаи муфаттишони Олмон, 26-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи иборат аз 6 нафар як қаиқро бо санадҳои сохта иҷора гирифтаанд ва бо асбобҳои ғаввосӣ дар се шохаи лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» маводи тарканда насб кардаанд. Лӯлаи мазкур, ки Русияро ба Олмон мепайвандад, як роҳи муҳими таъмини газ барои Олмон буд. Додситонии Олмон мегӯяд, Сергей Кузнетсов, яке аз ҳамоҳангсозони вайронгарӣ дар лӯлаи газ будааст.
Худи ӯ иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ҳангоми таркиши лӯла дар Украина буд. Сергей Кузнетсовро моҳи августи соли 2025 бо дархости Олмон дар Итолиё дастгир карданд.
Пораи азиме аз як пирях дар Тоҷикобод канда шудааст
Пораи азиме аз як пиряхи бузург дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуда, аз тариқи дара ба поён лағжидааст. Ин қаторкӯҳ дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса нимарӯзи 25-уми октябр рух додааст ва ин анбори азими ях соати 11 ҳаракат карда, соатҳои 14 нисбатан ором гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дарозии пиряхи ҷудошуда ҳудуди 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз ҳаракати ин пирях нашр шудааст ва муаллифон баландии онро гоҳо то 50 метр, барашро 200-300 метр ва дарозии онро тахминан 7,5 километр гуфтаанд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо масъалаи обшавии пиряхҳоро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ матраҳ карданд, аммо то ҳол тадбире муассир барои пешгирӣ аз обшавии кӯҳҳои бузурги ях дар назар гирифта нашудааст.
Трамп бо нахуствазири Ҷопон мулоқот кард
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи 27 октябр дар нахустин дидори худ бо нахуствазири нави Ҷопон Санаэ Такаити гуфт, ҳампаймонии Вашингтон ва Токио дар болотарин сатҳ аст.
Трамп, ки дар оғози сафари осиёии худ вориди Токио шуд, дар дидор бо Санаэ Такаити дар иқоматгоҳи нахуствазир гуфт, ифтихор мекунад дар нахустин рӯзҳои корӣ "яке аз бузургтарин нахуствазирҳои Ҷопонро мулоқот мекунад".
Санаэ Такаити низ бо таъкид бар пайванди ду кишвар гуфт, мехоҳад "асри тиллоии наве" дар ҳампаймонии Ҷопон ва Амрико эҷод кунад.
Ин дидор дар ҳоле анҷом мешавад, ки Трамп дар талош аст пеш аз гуфтугӯ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, дар бораи созиши тиҷорӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, мавзеи Вашингтонро тақвият кунад.
Интизор меравад, ки ду тараф дар Токио дар мавриди масоили амниятӣ ва тиҷорӣ суҳбат кунанд. Ҷопон бинобар таниш бо Чин, буҷаи дифоии худро ба ду дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, афзоиш додааст.
Се кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия баргардонидаанд
Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз баргардонидани 3 ноболиғ ба Тоҷикистон хабар дод.
Консулгарӣ бо пахши як хабар гуфтааст, ки бо мусоидати Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр 3 нафар шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия бепарастор монда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Дар бораи шахсияти кӯдакону он, ки чӣ гуна онҳо бе парастор монданд, мақомот ҷузъиёте надодаанд. Қаблан ҳам мақомоти тоҷик чандин шаҳрванди ноболиғро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба ватан баргардониданд.
Занозании муҳоҷирон дар Маскав вакилони русро асабонӣ кард
Баъди занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Маскав вакилони Думаи давлатӣ хостаанд, ки назорат бар муҳоҷирон боз ҳам сахттар шавад. Алексей Журавлев, муовини аввали раиси Кумитаи дифоъи Думаи Давлатӣ дар мусоҳиба бо Gazeta.ru гуфтааст, Русия ба издиҳоми муҳоҷирони идоранашаванда ниёз надорад.
Вакили рус аз қарори лағви шаҳрвандӣ ва ихроҷи ду саркардаи задухӯрд пуштибонӣ кардааст. Вакили дигари рус Михаил Матвеев гуфтааст, агар теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо коҳиш дода шавад, муноқиша кам мегардад.
Рӯзи 25-уми октябр дар маҷмааи истиқоматии «Прокшино»-и Маскав занозании гурӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он даҳҳо муҳоҷир, бо белу калтак ба ҳам дарафтодаанд. Дар видеои ин ҷанҷол дашномҳо ба забони тоҷикӣ зиёд шунида мешавад. Дар маҷмӯъ, беш аз 80 нафар боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд.
Ба зидди 19 нафар бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз кардаанд, боқимонда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Дар Русия баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон барои кор зиёд иттифоқ меафтад. Дар аксар маврид, муҳоҷиронеро, ки дар занозаниҳои гурӯҳӣ иштирок мекунанд, аз қаламрави Русия меронанд.
Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба Маскав ва дигар гӯшаҳои Русия
Cергей Собянин, раиси шаҳри Маскав гуфт, ки низомиёни Русия аз шоми 26-уми октябр то субҳи 27-уми октябр на камтар аз 34 паҳпод ва ё дронҳои озими шаҳри Маскавро дар фазо нобуд кардаанд. Ҳеч гузорише дар бораи хисорот ва ё талафот нарасидааст.
Шабона бар асари ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметеворо бастанд ва субҳи 27-уми октябр кори онҳо дигарбора идома кард. Дар вилояти Брянск, ба гуфтаи раиси ин вилоят Александр Богомаз, дар натиҷаи зарбаи паҳпод ба як мусофирбар ронандаи он кушта шудааст ва панҷ мусофир ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Курск ҳамлаи паҳпод сабаби оташсӯзӣ дар назди як истгоҳи тақсими барқ шудааст. Вячеслав Гудков, раиси вилояти Белгород хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба ин вилоят дар як шабонарӯзи гузашта 1 нафар кушта шуда, 23 каси дигар аз ҷумла 3 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Калуга ба гуфтаи мақомоти инҷо 5 бинои истиқоматӣ осеб дидааст. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки дар маҷмуъ 200 паҳподи Украинаро дар фазо радёбӣ ва нобуд кардааст.
Трамп гуфт, Путин бояд машғули поён додан ба ҷанг бошад, на мушакозмоӣ
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, баёнияи ҳамтои русаш Владимир Путинро дар бораи озмоиши мушаки «Буревестник» танқид кард ва онро «беҷо» хонд. Пештар аз ин раиси ҷумҳури Русия аз мақомот хост, дар бораи натиҷаи озмоиши ин мушаки дурпарвоз ба ӯ гузориш диҳанд.
Доналд Трамп рӯзи 26-уми октябр ба хабарнингорон гуфт: «Онҳо медонанд, ки беҳтарин киштии зериобии атомиро дорем, ки дар назди соҳилҳои онҳо ҷойгир аст. Барои ҳамин ба мо зарур нест, мушак 8 ҳазор мил (12874 километр) парвоз кунад. Онҳо бо мо бозӣ намекунанд ва мо ҳам бо онҳо бозӣ намекунем. Зимнан ман ингуна баёнияҳои Путинро беҷо мешуморам. Ӯ бояд ба ҷанг поён диҳад. Ҷанге, ки бояд як ҳафта мегирифт, чаҳор сол аст, идома дорад. Ӯ бояд машғули поёни ҷанг бошад, на инки мушак озмоиш кунад.”
Фармондеҳони артиши Русия рӯзи 21-уми октябр мушаки “Буревестник”-ро озмоиш кардаанд, ки қодир ба парвоз дар масофаи дароз аст. Ба гуфтаи онҳо, мушаки қодир ба ҳамли кулоҳакҳои атомӣ дар ин рӯз 14 ҳазор километр парвоз кард ва 15 соат дар фазо буд. Раҳбарони Русия таъриф кардаанд, ки чунин мушакеро то кунун дигар қудратҳои ҷаҳонӣ надоранд.
Дар марги духтари 15-солаи тоҷик модарандарашро муттаҳам кардаанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар зидди як зани 28-сола аз ноҳияи Шаҳристон бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани духтарандари 15-солааш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 24-уми октябр омадааст, ки ин навҷавон рӯзи 13-уми октябр худро дар хонаашон ба дор овехтааст. Дар ин баёния омадааст: “Дар номае, ки марҳум пеш аз маргаш навиштааст, таъкид намудааст, ки ба муносибати бераҳмонаи модари ӯгаяш тоқат карда натавониста роҳи халосиро дар худкушӣ кардан донистааст.” Назари муттаҳам ба ҷиноят маълум нест, ки оё навиштаҳои наврасро рад мекунад, ё не.
Ба қавли вазорат, санҷиши муфаттишон нишон додааст, ки навҷавони ҳанӯз ба балоғат нарасида, ба муомилаҳои пайвастаи бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибораш тоб наёварда ва роҳи халосиро дар худкушӣ дидааст. Ба зидди модарандар, ки номашро набурдаанд, бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва дар сурати собит шудани ҷиноят мумкин аст, ин занро аз 5 то ба 8 сол маҳкум ба зиндон кунанд.
Дар Тоҷикистон солҳои ахир қасди худкушӣ ва ё мавридҳои худкушӣ зиёд шудаанд. Бар асоси омори Додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон ё худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд. Як таҳқиқ ҳам нишон додааст, бисёре аз онҳое, ки сабаби худкушӣ шудаанд, ҷое кор намекарданд.
Дар марзи Узбекистону Тоҷикистон пули зиёдеро мусодира кардаанд
Хадамоти амнияти миллии Узбекистон мегӯяд, монеи қочоқи тақрибан 430 ҳазор доллар шудааст, ки якбора 34 нафар мехостаанд, аз марзи ин кишвар ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон баранд.
Дафтари матбуоти ин идора дар як навори видеоӣ дар Телеграм дар рӯзи 26-уми октябр гуфтааст, ки кормандони амниятӣ ва гумрук дар гузаргоҳи марзии “Фарҳод” воқеъ дар ноҳияи Бекободи Узбекистон ва ноҳияи Спитамени Тоҷикистон дар умум аз қочоқи 5.2 миллиард соми узбекӣ пешгирӣ кардаанд.
Дар ин видео гуфта мешавад, ки як шаҳрванди Узбекистон бештар аз 13 миллион рубли русӣ, 24 000 сомонӣ, бештар аз 10 миллион сӯми узбекӣ ва бақия доллару евро ва юан ва соми қирғизиро ба 34 нафар тақсим кардааст, то ба Тоҷикистон гузаронанд ва сипас аз онҳо ҷамъ карда бигирад.
Мақомоти амниятии Узбекистон гуфтаанд, ки тафтишот барои маълум кардани соҳибони аслии пули зиёд идома дорад ва ба зидди ташкилкунандаи қочоқ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Замони талош барои қочоқи пули зиёд ба Тоҷикистонро нагуфтаанд.
Байни ду кишвар, ки шаҳрвандонашон ҳақи сафари бераводид барои як моҳро доранд, тиҷорат бисёр зиёд аст ва дар гузашта ҳам талош барои қочоқи пул ва асъори хориҷӣ дар марз дида шудааст.