Ҳукумати Покистон рӯзи 29-уми октябр гуфт, музокирот барои барқарор сохтани оташбаси доимӣ бо Афғонистон натавонист, роҳи ҳалли амалиеро пайдо кунад ва ҳушдор дод, ки барои муҳофизати шаҳрвандонаш иқдом мекунад.
Пас аз чаҳор рӯзи музокира бо Толибон дар шаҳри Истанбул, Атоулло Таррор, вазири иттилооти Покистон дар паёме дар шабакаи Х навишт: “Мутаасифона тарафи Афғонистон ҳеч кафолате надод, аз масъалаи аслӣ дигар тараф рафт, ба бозии гунаҳкор кардану ҳиллагарӣ гузашт.”
Ӯ афзудааст, ки бинобар ҳамин гуфтугуҳо натавонистаанд, ҳеч роҳи амалие барои қатъи даргириҳову оташбаси доимӣ пайдо кунанд. Гуфтугуҳои Истанбул бо миёнҷигарии Қатар ва Туркия бо ҳадафи таъмини сулҳ байни Покистону Афғонистон баъди он баргузор шуд, ки даргириҳо дар марз байни нерӯҳои Покистон ва Толибон даҳҳо кушта бар ҷой гузошт.
Ҳамлаҳои артиши Покистон дар шаҳри Кобул ва вилояти Пактико сурат гирифт ва сипас нерӯҳои Толибон дар атрофи хати Дюранд, дар марзи ду кишвар ба нерӯҳои покистонӣ ҳамла карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо дар аввали ҳамин моҳ бештар аз 70 нафар кушта шуданд. Даргирӣ баъди таркишҳои рӯзи 9-уми октябр дар Кобул оғоз шуд, ки Толибон онро дасти кори Покистон мешуморанд.
Пас аз ин ки оташбаси аввалияи 48-соата поён ёфт, оташбаси дуввум рӯзи 19-уми октябр дар ҷараёни музокират дар шаҳри Доҳа пойтахти Қатар барқарор шуд. Вазири иттилооти Покистон рӯзи чаҳоршанбе дигарбора Толибонро ба пуштибонии пайваста аз террористоне муттаҳам кард, ки Покистонро ҳадаф мегиранд.
Пеш аз оғози музокирот дар Истанбул Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон ҳушдор дода буд, ки агар музокирот натиҷае надиҳад, байни ду тараф ҷанги ошкоре бармехезад. Абдул Матин Қонӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки ба ҳаргуна ҳамла ҷавобе медиҳанд, ки “барои Покистон ва дигарон дарс мешавад.”
Ҳукумати Покистон иддао мекунад, ки гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Таҳрики Толибони Покистон дар қаламрави Афғонистон фаъолият мебаранд ва аз онҷо ҳамлаҳо ба хоки Покистонро тарҳрезӣ мекунанд.
Иддаое, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистон рад мекунад. Телевизиони миллии таҳти назорати Толибон дар Афғонистон дар як баёнияи расмӣ, ки рӯзи сешанбе 28-уми октябр дар шабакаи иҷтимоии Х гуфтааст, ҳайати Толибон барои анҷоми музокироти созандаву босамар ҳаргуна талошро анҷом додааст, аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳайати покистонӣ саъй дорад, аз гуфтугуҳо берун шавад.
Дар ин эъломия ҳамчунин иддао шудааст, ки баъзе аз унсурҳо дар таркиби артиши Покистон монеи раванди музокирот дар Истанбул шудаанд. Артиши Покистон рӯзи 26-уми октябр гуфт, ки пеш аз оғози музокирот дар панҷ сарбози кишвар ва 25 ҷангҷӯи Таҳрики Толибони Покистон дар як даргирӣ кушта шуданд.
Гуфтугӯ