Дар чанд ҷумла
Гузоришҳо: Чин “наслкушӣ”-и уйғурҳоро ба роҳ мондааст
 
Бино ба гузориши як гурӯҳ аз коршиносон, ки 9-уми март нашр шуд, ҳукумати Чин эъломияи Созмони Милалро дар бораи наслкушӣ вайрон карда, ба зидди уйғурҳо генотсидро ба роҳ мондааст.
Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Newlines дар таҳлилҳои мустақилонааш аз масъулияти давлати Чин суҳбат карда, дарёфтааст, ки сиёсати Пекин нисбат ба аҳолии уйғур “ҳар моддаи” Эъломияи наслкуширо вайрон мекунад.
То ҳол Чин барои дар урдугоҳҳои косентратсионӣ ҷой додани 1 миллион уйғурҳову ақаллиятҳои дигари мусалмон дар вилояти Шинҷон мавриди маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Худи Пекин ин муассисаҳоро марказҳои бозтарбия ва як роҳи мубориза бо терроризму экстремизм меномад.
Дар яке аз қарорҳои охирини худ пеш аз хатми мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш Доналд Трамп дар моҳи январ Чинро барои роҳандозии наслкушиву ҷиноят алайҳи инсоният дар вилояти Шинҷон гунаҳкор кард.
Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ, рӯзи 9-уми март гуфт, маъмурияти президент Ҷо Байден ҳеҷ тағйирот намебинад, ки ин мавқеи Амрикоро дигар кунад. Эъломияи наслкушӣ баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон қабул шуда, генотсидро ҳамчун “талоши қисман ё пурра хароб кардани гурӯҳи милливу динӣ ё нажодӣ” шарҳ додааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Сангвор як падарро барои носкашии писараш ҷарима карданд
 
Додгоҳи ноҳияи Сангвор як сокини ин ноҳияро бо гуноҳи “тарбияи нодуруст” ва носкашии писараш бештар аз 1000 сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар баёнияи расмии додгоҳ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, ки сокини ноҳияи А.С.Ш бар хилофи қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбат ба таълиму тарбияи фарзанди 17-солааш беэътиноӣ зоҳир кардааст ва “ӯ аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, ба истеъмоли маҳсулоти тамоку(нос) машғул шуда, онро бо худаш гирифта гаштааст.” 
Додгоҳ нагуфтааст, ки ин ҳодиса кай рух додааст,. Бар асоси ин қонун падару модар дар Тоҷикистон уҳдадоранд, ки монеи тамокукашии фарзандони ноболиғашон шаванд ва нагузоранд, ки кӯдак ба муассисаи таълимӣ ҳаргуна маҳсулоти тамоку барад. Барои ҳамин додгоҳи Сангвор сокини ин ноҳияро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода ва ба ӯ амр додааст, ки ба фоидаи давлат 1125 сомонӣ ҷарима пардозад.
«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар Тоҷикистон соли 2011 қабул шуд ва баҳси зиёдеро барангехт ва як нуктаи баҳсбарангези он иҷоза надодани ноболиғон ба рафтан ба масҷид буд. Қонуни мазкурро то кунун борҳо ислоҳ кардаанд.
Як нашрия сабабҳои даст кашидани Трамп аз мулоқот бо Путинро навиштааст
 
Бино ба гузориши Нашрияи бритониёии “Financial Times” мулоқоти барномарезишудаи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин дар Будапештро баъди он лағв кардаанд, ки Маскав санад “дар бораи талаботи сахти худ дар робита ба Украинаро” ба Вашингтон додааст.
Ба навиштаи ин нашрия, дар санади фиристодаи вазорати умури хориҷии Русия омадааст, ки бояд “сабабҳои решаӣ”-и муноқиша рафъ карда шавад. Талаби Маскав ин будааст, ки Украина бояд аз баҳри баъзе аз қаламравҳояш бигзарад, нерӯҳои мусаллаҳи хурдтаре дошта бошад ва ба НАТО напайвандад. Русия ҳамчунин талаб кардааст, ки назорати тамоми Донбасс ба он дода шавад.
Баъди фиристодани санад ба Амрико, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико ва Сергей Лавров телефонӣ гуфтугӯ кардаанд ва Рубио ба Трамп расондааст, ки Маскав омодагие ба музокирот нишон намедиҳад. Яке аз манбаъҳои Файненшл Таймс гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Амрико аз мавзеъгирии Русия норозӣ шудааст.
Доналд Трамп рӯзи 22-юми октябр гуфт, ки мулоқот бо Владимир Путин дар Будапешт баргузор намешавад. Ӯ афзуд: “Ба назари ман кори дуруст намешуд. Ва мо ба ҷое намерасидем, ки бояд бирасем. Барои ҳамин лағв кардам, вале дар оянда ин корро мекунем.”
Владимир Путин дар вокуниш ба ин қарори Трамп гуфт, ки ӯ ғолибан дар бораи ба таъхир андохтани музокирот сӯҳбат кардааст. Ба қавли Путин: “Муколама ҳамеша назар ба кадом як муқобила, баҳс ва ё гузашта аз ҳама ҷанг беҳтар аст.”
КҲФ мегӯяд, ду касро, ки дар садама ба об афтода буданд, наҷот дод
 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро, ки дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба об афтида буданд, наҷот додааст.
Ин ҳодиса рӯзи 28-уми октябр дар километри 68-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Пикап Фотон" аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, бо мошин ба ҷарии умқаш то 250-300 метр сарозер шудааст.
Ҳангоми садама дар мошин ғайр аз ронанда як мусофир ҳам будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, наҷотдиҳандагони кумита ин ду нафарро боло оварданд ва ба беморхонаи ноҳияи Варзоб интиқол доданд.
Аммо дар роҳ ба бемористон ронанда, ки ҷароҳатҳои вазнин бардошта буд, фавтидааст. Ҳамсафари ӯ бо ҷароҳатҳои сабуктар дар беморхона бистарист.
Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва суръати ҳаракати мошинро боло набаранд.
Оҷонси омор: Нархи гӯшту равған гарон ва орд арзон шуд
 
Дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти истеъмолӣ 2,2 дарсад афзудааст. Оҷонси омори Тоҷикистон бо нашри ин маълумот гуфт, нархи гӯшту сабзавот ва равған боло рафта, айни замон баъзе аз навъҳои мева ва маҳсулоти ширӣ арзон шудаанд.
Бино ба маълумоти Оҷонси омор, дар байни сабзавот аз ҳама бештар нархи карам ва сабзӣ боло рафтааст. Нархи равғани офтобпараст низ ба андозаи 8,5 дарсад зиёд шуда, гӯшти гӯсфанд дар ин давра 14 ва гӯшти гов 12 дарсад қиммат шудаанд. Нархи орд ба андозаи 10, биринҷ – 3 ва панир -6 дарсад арзон шудааст. Тибқи маълумоти Оҷонсӣ, ин нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна гирифта шуда, ба маълумот дар бозорҳои пойтахт асос ёфтааст.
Тағйирёбии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия дар ҳолест, ки сокинон пайваста аз маоши каму нархҳои баланд дар бозорҳои кишвар нигаронӣ мекунанд.
Бархе иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши маош дар Тоҷикистон бо сабаби таваррум ё инфлиятсия зиёд эҳсос намешавад, чун арзиши молу маҳсулот ва хӯрокворӣ дар Тоҷикистон пайваста дар ҳоли боло рафтан мебошад.
Аз ҷониби дигар, уфти бошиддати доллар дар қиёс ба сомонӣ ҳам аз омилҳои таъсиргузор арзёбӣ мешавад.
СММ аз нокомии музокироти Покистон ва Толибон нигаронӣ кард
 
Созмони Милали Муттаҳид аз нокомии гуфтугӯҳо барои ҳалли муноқиша миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ибрози нигаронӣ кардааст.
Ин созмон ибрози умедворӣ кардааст, ки ду тараф дубора ба ҷанг рӯ наоваранд. Покистон ва ҳукумати Толибон якдигарро ба хотири бенатиҷа мондани ин гуфтугӯҳо айбдор мекунанд.
Стефан Дуярич, сухангӯи дабири кулли СММ рӯзи 29 октябр зимни нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк дар посух ба ин пурсиш, ки оё Созмони Милал аз нокомии гуфтугӯҳои Покистон ва ҳукумати Толибон нигарон аст, гуфт, "албатта, ки нигароне ҳастем".
Ӯ афзуд, бо вуҷуди ба миён омадани монеаҳо дар ин гуфтугӯҳо, Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз умедвор аст, ки даргириҳо дубора оғоз нашаванд.
Пас аз шикасти ин гуфтугӯҳо, мақомҳои покистонӣ ҳушдор доданд, ки чун музокирот натиҷа надоштааст, оташбас миёни ду тараф дар маърази хатар қарор дорад.
Артиши Покистон шаби 9 ба 10 октябр ба шаҳри Кобул ва вилояти Пактико ҳамла кард ва сипас нерӯҳои Толибон дар марзи ду кишвар ба нерӯҳои покистонӣ ҳамла карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта шуданд.
Пешниҳоди аз имтиҳон озод кардани кӯдакони муҳоҷирони русзабон
 
Вакилони Ҳизби коммунисти Русия пешниҳод доранд, ки кӯдакони муҳоҷирони русзабонро аз имтиҳони забони русӣ озод кунанд. Лоиҳаи тарҳи қонун аллакай ба Думаи давлатии Русия ироа гардидааст.
Дар сурати қабули он, кӯдакони муҳоҷироне, ки забони модариашон русӣ аст, ҳангоми қабул ба мактаб аз супоридани имтиҳони ҳатмии забони русӣ озод мегарданд.
Муаллифон гуфтанд, кӯдакони хориҷие, ки забони модарияшон русӣ аст, аз назари фарҳангӣ ба русҳо наздиканд ва бо забони онҳо ҳарф мезананд.
Тибқи ин тарҳ, тартиби озод кардани чунин кӯдакон аз имтиҳони забони русиро Вазорати маорифи Русия муайян мекунад.
Аз 1-уми апрели соли равон фарзандони муҳоҷирон дар Русия ӯҳдадор шуданд, ки ҳангоми қабул ба мактабҳои ин кишвара имтиҳони ҳатмии забони русӣ супоранд.
Боздошти як ҷавон, ки худро ба пулис "наздик" гуфта, аз мардум пул мегирифт
 
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавон дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки худро ҳамчун наздики кормандони ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз мардум барои хизматҳояш маблағ мегирифтааст.
Ин ниҳод шоми 29 октябр бо пахши як навори видеоӣ гуфт, Обид Наимови 24- сола, сокини шаҳри Хуҷанд давоми моҳи ҷорӣ аз як сокини шаҳри Истаравшан бо ваъдаи озод намудани бародари маҳкумшудааш, беш аз 34 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ҳамчунин вай моҳи июли соли равон бо ҳамин шева аз як сокини шаҳри Душанбе бо ваъдаи ин, ки мошинашро аз ҷаримагоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ мебарорад, 1500 сомонӣ гирифта, барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода бурдааст.
Обид Наимов дар ин барномаи иқрор мешавад, ки барои ба бовари мардум даромадан худро аз наздикони кормандони ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардааст.
Тасдиқи дурустии ҳарфҳои ӯ аз дигар манбаъҳо дастрас нест. Ва низ маълум нест, ки навор дар чӣ шароите сабт шудааст.
ВКД мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ФСБ аз бонкҳо хост, ки маълумоти муштариёнро ба ин созмон бидиҳад
 
Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ аз бонкҳои Русия хостааст, мукотиба бо муштариён ва маълумоти бонкии онҳоро барои ниҳодҳои қудратӣ ҳифз кунад.
Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба хабаргузории РБК навиштааст, ки ташкилоти қарзӣ бояд то соли 2027 низом ё системаи тафтишотӣ – фаврӣ ва дастгоҳҳои махсусе ро насб кунанд, ки ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ба таври фосилавӣ дар бораи муштарии бонк маълумот дастрас кунад.
Тибқи қонун чунин барномаҳоро бояд онҳое насб, кунанд, ки масъулияти паҳн кардани иттилоъро доранд. Хадамоти амнияти Федеролӣ бар ин аст, ки бонкҳо чунин мақомро доранд, чун дар сомона ва замимаҳои мобилии онҳо корбарон имкон доранд, байни ҳам мукотиба кунанд.
Дар феҳрасти паҳнкунандагони маълумот аз соли 2019 хадамоти “Сбербанк Онлайн” шомил шудааст. Дар бонкҳои калони Русия ин талаби ФСБ-ро шарҳ надодаанд.
Доналд Трамп бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад
 
Мақомоти расмии Амрико гуфтаанд, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи 28-уми октябр бо такя ба як манбаи огоҳ аз ин ҳамоиш навиштааст, вохӯрии раҳбари Амрико бо президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт. Масъулини Қасри сафед, ин мулоқотро, ки бино ба гузориши “Рейтерз” қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр баргузор шавад, шарҳ надоданд.
Кристофер Ландау, муовини вазири корҳои хориҷии Амрико, пас аз дидор бо мақомоти расмии Узбекистон гуфт, ки президент Шавкат Мирзиёев, ҳафтаи оянда бо Доналд Трамп мулоқот хоҳад кард. “Сафари ӯ бояд роҳро барои як мулоқоти олӣ байни раҳбарон боз кунад” – навиштааст, Ландау рӯзи сешанбе дар саҳифааш, дар шабакаи иҷтимоии X.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳам чанд рӯз пеш, эълон кард, ки дар ин мулоқот ширкат мекунад. Вай аз Доналд Трамп барои даъват изҳори сипос намудааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз расман дар бораи ин ҳамоиш ва барномаи дидори президенти кишвар бо раҳбари Амрико хабаре надодаанд. Ҳафтаи равон сафари Доналд Трамп ба кишварҳои осиёӣ шурӯъ шуд.
Қарор аст, рӯзи панҷшанбе вай бо Си Ҷинпин раиси ҷумҳури Чин мулоқот кунад. Трамп талош дорад, пеш аз гуфтугӯ бо Си Ҷинпин дар бораи созиши тиҷоратӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, мавзеи Вашингтонро тақвият кунад.
Омбудсмен аз Русия барои мулоқот бо маҳбусони рус ба Тоҷикистон омад
 
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия барои шиносоӣ бо вазъи маҳбусони рус аз як зиндон дар Тоҷикистон боздид кард.
Татяна Москолкова, омбудсмени рус дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо маҳбусон аз Русия мулоқот кардааст.
Дар ин бора рӯзи 27-уми октябр, дар сомонаи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст. Манбаъ навиштааст, Москалкова дар вохӯрӣ бо зиндониёни рус аз онҳо дар бораи шароити муассиса ва сиҳатияшон пурсон шудааст. Вай ҳамчунин аз ҷойи хобу, қисми тиббӣ ва ҷойҳои дигари зиндон дидан кардааст.
Маҳбусони рус ба омбудсмени кишвари худ аз дурии роҳ ва душвор будани дидорбинӣ бо наздиконашон шикоят карда, хостори мусоидат барои истирдоди онҳо ба ватанашон шудаанд.
Мақомот нагуфтаанд, ки дар ин зиндон чӣ теъдод маҳбуси рус нигаҳдорӣ мешавад. Моҳи сентябр омбудсмени тоҷик ҳам дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо маҳбусони хориҷӣ, аз ҷумла зиндониён аз Русия дидору сӯҳбат карда буд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки аз вазъи Тоҷикистон мушоҳида мекунанд, мақомотро борҳо барои барои поймолшавии ҳуқуқ, азияту озор ва ҳам шиканҷа дар муассисаҳои баста танқид кардаанд.
Боздиди ваколатдор Татяна Москолкова аз вазъи зиндониёни рус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз дидору сӯҳбати Омбудсмени тоҷик аз шароити зиндониёни ин кишвар дар маҳбасҳои Русия хабаре нарасидааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва бахши зиёди онҳо маҷбуран ба ҷанги Украина бурда шудаанд. Аксарияти дигар дархост кардаанд, ки барои идомаи адои ҷазо ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.
Аз соли нав нархи патент дар Русия боло меравад
 
Бо наздик омадани соли нав мақомот дар шаҳру навоҳии мухталифи Русия тасмимашонро дар бораи боло бурдани нархи патент, барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар, эълон карданд.
Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дар сад боло мебаранд, аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ, 2950 рубл бештар будааст. Мақомоти ин вилоят гуфтанд, аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск 37 дар садаш тоҷиконанд.
Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт - Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рублӣ русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт Петербуг ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Русия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.
Ҷаримаи як нозир барои "дузди"-и нерӯи барқ
 
Оҷонсии назорати энергетикӣ аз ошкор шудани ҳолати “дуздӣ”-и барқ аз ҷониби як корманди "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и шаҳри Хуҷанд ва соҳиби як нуқтаи шустушӯйи нақлиёт хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, корманди Шабака дар машварат бо соҳибкор ва бо роҳи ғайриқонунӣ ба нуқтаи шустушӯи нақлиёт нерӯи барқ пайваст кардааст.
Барои ин амал вай бо иттиҳоми “иҷро накардани уҳдадориҳо ва талаботи муқарраркардаи қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ” ҷарима шудаанд.
Оҷонсӣ миқдори ҷаримаро ошкор накардааст. Назари корманди "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва соҳибкор дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бино ба иттилои Додситони кулли Тоҷикистон дар ним сол барои истифодаи ғайриқонунӣ ва ё дуздиву таъхир дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ 3800 нафарро ба ҷавобгарии моддиву интизомӣ ва маъмурӣ кашидаанд.
Дар саросари Тоҷикистон 190 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гуфтаи додситон, бештар аз 270 миллион сомонӣ зиёни расидаро ҷуброн кардаанд.
Даъват ба сафи артиши Русия аз ин пас тамоми сол сурат мегирад
 
Думаи давлатии Русия рӯзи сешанбе қонунеро қабул кард, ки бар асоси он метавонанд, ҷавононро тамоми сол ба сафи артиш даъват кунанд. Дигар даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ мавсимӣ нахоҳад буд, вале даъватшудагонро ба ҷойи хидмат дар як сол ду бор мефиристанд.
Дар сурати имзои қонун, кумиссиёнҳои даъват ба сафи артиш тамоми сол кор мекунанд, муоинаи тиббии даъватшудагону ташхиси равонии онҳо муназзам идома меёбад.
Муаллифони қонун гуфтаанд, ки ин кор метавонад, сифати даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русияро боло барад, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот мехоҳанд, аз ин роҳ низомеро ба роҳ монанд, ки пайваста сафи артишро бо сарбоз пур кунад.
Зоҳиран ҷанги Русия дар Украина ва талафоти афзояндаи артиши он дар ҷанг, мақомоти Русияро маҷбур кардааст, ки дар ҷустӯҷуи роҳҳои нави сафарбарии ҷавонон ба артиш ва ҳамингуна ба ҷанг бошанд.
Додгоҳи Итолиё амр дод, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бисупоранд
 
Додгоҳи болоӣ дар шаҳри Болоняи Итолиё амр додааст, ки Сергей Кузнетсов, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бидиҳанд, чун муфаттишон собит кардаанд, ки ӯ дар таркиши лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ-1» ва «Маҷрои шимолӣ-2» даст дорад.
Додгоҳ ҳукми додгоҳҳои поёниро дар бораи истирдод накардани Кузнетсов беэътибор кардааст. Вакили дифои гумонбар дар ҷиноят Никола Канестрини гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба Додгоҳи болоии таҷдиди назар дар Итолиё шикоят мебарад, зеро дар ҷараёни тафтишот ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд.
Ба гуфтаи муфаттишони Олмон, 26-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи иборат аз 6 нафар як қаиқро бо санадҳои сохта иҷора гирифтаанд ва бо асбобҳои ғаввосӣ дар се шохаи лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» маводи тарканда насб кардаанд. Лӯлаи мазкур, ки Русияро ба Олмон мепайвандад, як роҳи муҳими таъмини газ барои Олмон буд. Додситонии Олмон мегӯяд, Сергей Кузнетсов, яке аз ҳамоҳангсозони вайронгарӣ дар лӯлаи газ будааст.
Худи ӯ иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ҳангоми таркиши лӯла дар Украина буд. Сергей Кузнетсовро моҳи августи соли 2025 бо дархости Олмон дар Итолиё дастгир карданд.
Пораи азиме аз як пирях дар Тоҷикобод канда шудааст
 
Пораи азиме аз як пиряхи бузург дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуда, аз тариқи дара ба поён лағжидааст. Ин қаторкӯҳ дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса нимарӯзи 25-уми октябр рух додааст ва ин анбори азими ях соати 11 ҳаракат карда, соатҳои 14 нисбатан ором гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дарозии пиряхи ҷудошуда ҳудуди 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз ҳаракати ин пирях нашр шудааст ва муаллифон баландии онро гоҳо то 50 метр, барашро 200-300 метр ва дарозии онро тахминан 7,5 километр гуфтаанд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо масъалаи обшавии пиряхҳоро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ матраҳ карданд, аммо то ҳол тадбире муассир барои пешгирӣ аз обшавии кӯҳҳои бузурги ях дар назар гирифта нашудааст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
