Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадина дар Индонезия медали тило гирифт


Мадина Қурбонзода бо либоси сафед
Мадина Қурбонзода бо либоси сафед

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, чаҳор медал (2 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF, дар ин мусобиқот миёни наврасон 196 варзишгар (111 писар ва 85 духтар) аз 21 кишвари қора иштирок доштанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти наврасон чаҳор нафар (3 писару як духтар) муаррифӣ намуданд. Рошид Неъматов, Бобоҷон Шарофов, ҳарду дар вазни то 73 кило, Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кило дар сабқати писарон ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило миёни духтарон рақобат карданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 11-уми сентябр – Мадина Қурбонзода, ки бар асоси қуръакашӣ дар вазни то 52 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Самира Ҷарова аз Қирғизистон дастболо шуда, дар зергурӯҳи “А” пирӯз гардид. Вай дар даври ниманиҳоӣ бар Дҳруви Чаудҳарӣ аз Ҳиндустон ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт.

Мадина дар даври ниҳоӣ Нигина Умурзоқоваро аз Узбекистон мағлуб намуда, бо медали тило сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни духтарон аст.

Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 12-уми сентябр – ҳарсе варзишгари тоҷик дар сабқати писарон ба рақобат пардохтанд.

Рошид Неъматов дар вазни то 73 кило баъди пирӯзӣ бар рақибонаш аз Индонезия ва Эрон дар нимфинал бар Егор Криволапов аз Қирғизистон дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт. Неъматов дар даври ниҳоӣ барои медали тило бо ҳамватани худ Бобоҷон Шаропов талош карда, пирӯз шуд.

Шаропов баъди пирӯзӣ бар рақибонаш аз Тайпейи Чин ва Қазоқистон дар нимфинал Минсунг Ҷеонро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дода, ба финал баромада буд.

Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар рақиби кувайтиаш, дар даври баъдӣ аз гуштигири Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд. Абубакр дар даври тасаллобахш Комронбек Қодировро аз Узбекистон ноком кард. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар мубориза барои медали биринҷӣ бар гуштигири муғул Мунгундул Батҷаргал пирӯз шуд.

Дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 18 нишон (7 тило, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 7 медал (3 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 14 медал (2 тило, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (2 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар байни 21 даста чаҳорум шуд.

Рӯзҳои 13-14-уми сентябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия ҷавонон рақобат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳоло барои иштирок дар ин мусобиқаи қитъавӣ 198 варзишгар (106 писар ва 92 духтар) аз 20 кишвари қора номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷавонон 10 нафар (7 писару 3 духтар) муаррифӣ хоҳанд кард. Дар сабқати писарон Икром Шамсов дар вазни то 60 кило, Умар Шеров дар вазни то 66 кило, Муҳаммадин Лоиқов ва Фирӯз Маҳмадбеков, ҳарду дар вазни то 73 кило, Абдулло Лоиқов дар вазни то 81 кило, Суруш Саломов ва Муслим Маҳмадбеков, ҳарду дар вазни то 90 кило, инчунин Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило, Александра Кан дар вазни то 57 кило ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кило миёни духтарон рақобат мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG