Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони озодшудаи Белорус шароити зиндонҳоро ваҳшатнок гуфтанд


Гурӯҳе аз белорусиҳое, ки ахиран аз зиндонҳои он кишвар озод шудаанд, дар бораи шароити вахими маҳбасҳо сӯҳбат карданд.

Рӯзи 11 сентябр, андаке пас аз онки фиристодаи вижаи Амрико шахсан бо Александр Лукашенко, президенти Белорус дар Минск мулоқот кард, дар маҷмӯъ 52 нафар озод ва ба онҳо дастур дода шуд, ки хоки Белорусро тарк кунанд.

Дар миёни озодшудагон Игор Лосик, хабарнигори пешини бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Алена Тимошук, ҳамкори Дафтари марказии РАОРО дар Прага, ҳузур доштанд.

Ин иқдом як гоми муҳиме аз сӯи Лукашенко арзёбӣ мешавад, ки талош дорад робитаҳои худро бо Ғарб, ки дар пайи саркӯбҳои бераҳмонаи эътирозгарон пас аз интихоботи президентии соли 2020 гусаста шуда буд, барқарор кунад.

Робитаҳо бо Ғарб пас аз ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 сардтар шуд. Лукашенко, ки ба шиддат вобастаи ҳимоятҳои иқтисодӣ ва сиёсии Русия аст, талош кардааст аз ҳамлаи Русия ба Украина худро дур нигаҳ дорад, агарчӣ вай ба сарбозони рус иҷозат додааст, ки дар бемористонҳои Белорус табобат бигиранд.

Светлана Тихановская ки бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ӯро раҳбари қонунии Белорус эътироф кардаанд, аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои озодии ин зиндониён ташаккур кард.

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки ин занон ва мардони озодшуда аз кишвар ихроҷ шуданд. Аз ҷумла, ӯ ба қазияи Николай Статкевич, номзади пешини интихоботи президентӣ ишора кард, ки беш аз 10 сол дар зиндон буд. Статкевич аз ҷумлаи афроди озодшуда буд, аммо аз тарки кишвар худдорӣ кард. Ҷойи буду боши ӯ маълум нест.

Тихановская рӯзи 12 сентябр дар як нишасти хабарӣ дар Вилнюс гуфт, "ончи дирӯз рух дод, озодии воқеӣ набуд, як ихроҷи маҷбурӣ буд".

Вай афзуд, "ҳар касе озод мешавад, ҳаққи интихоб дорад: ё мондан ё рафтан. Ва ман дирӯз дар ин бора бо шарикони амрикоиамон сӯҳбат кардам ва мо дар ҳоли пайгирии ин мавзӯъ ҳастем".

Тихановская афзуд, "ин озодиҳо бояд маънои поёни саркӯбро дошта бошанд. Ҳама зиндониёни сиёсӣ бояд озод шаванд".

Александр Мансевич, муҳаррири пешини яке аз рӯзномаҳо ба хабарнигорон гуфт, "бисёре аз мо ҳамчунон зиндонии сиёсӣ ҳастем, зеро наметавонем ба Белорус баргардем, наметавонем пеши хонаводаҳоямон баргардем. Ман боварӣ дорам, ки дубора бо хонаводаҳоямон мепайвандем, аммо то охири умр зиндонии сиёсӣ боқӣ хоҳем монд".

Шуморе аз зиндониён дар нишасти хабарӣ, дар ҳоле, ки гурӯҳи мусиқӣ суруди миллии Белорусро месуруд, ошкоро гиря мекарданд, бархе дигар, шароити ваҳшиёнаеро, ки аз сар гузаронидаанд, нақл мекарданд. Бархеи дигар норозӣ буданд ва мегуфтанд, ки белорусиҳо бояд барои мубориза бо нерӯҳои амниятӣ ва ҳукумати Лукашенко, иқдоми бештаре анҷом диҳанд.

Мардум ба содагӣ дар ҳоли нобудӣ ҳастанд

Ҳенадз Федунич, яке аз зиндониёи пешин, ба хабарнигорон гуфт, "ҳеч калимае барои баёни ончӣ дар онҷо рух медиҳад, вуҷуд надорад".

Николай Дзядок, блогери собиқ, ки дар моҳи ноябир соли 2020 зиндонӣ шуд, нақл кард, ки чигуна вақте автобуси зиндониён аз марзи Литва убур кард, пизишке вориди мусофирбар шуд ва пурсид, ки оё касе бо кӯмак ниёз дорад.

Ӯ гуфт, "ҷаҳон наметавонад миқёси пурраи ончиро, ки дар Белорус рух медиҳад, тасаввур кунад. Ман як солро дар як маҳбаси умумӣ сипарӣ кардам. Агар дигарон медиданд, ки ин маҳбас чигуна аст, фикр мекарданд, ки дар асрҳои миёна ҳастанд. Ман борҳо нимашаб бедор мешудам ва садои нола ва фарёди мардони бузургсолро мешунидам".

Дзядок дар идома гуфт, "дар ин солҳо ман боварӣ ҳосил кардам, ки мардумро ба девонагӣ мебаранд, ба равишҳои дигар шиканҷа мекунанд. Одамон фақат несту нобуд карда мешаванд. Дар бораи ин технологияҳои саркӯб, шиканҷа ва нобудии инсон, рисолаҳо навишта хоҳад шуд", - афзуд Дзиадок.

Дар се моҳи гузашта ин бори дувум буд, ки зиндониёни шинохтаи Белорус аз сӯи ҳукумати Лукашенко озод шуданд. Дар моҳи июл Сергей, ҳамсари Тихановская озод шуд.

Дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2020, блогнависи шинохта Сергей Тихановский, Лукашенкоро ба чолиши ҷиддӣ кашид. Аммо ӯ дар ҷараёни корзори интихоботӣ зиндонӣ шуд ва ҳамсараш баъдан нақши раҳбари мухолифони Беларусро бар ӯҳда гирифт.

Моҳи июн як хабарнигори пешини Радиои Озоди Игор Карней низ озод шуд.

Лариса Ширакова ки дар декабри соли 2022 барои ҳамкорӣ бо шабакаи телевизионии "Белсат" дар Лаҳистон, боздошт шуда буд, гуфт, ки қаблан ба сиёсати Амрико таваҷҷуҳи зиёд надошт ва дар бораи Трамп мусбат фикр намекард. Вай бо шӯхӣ ӯро "президенти худ" хитоб кард ва талошҳои ҳукумати Амрико барои озодии зиндониёни сиёсиро сутуд.

Ӯ гуфт, "шунидани ончӣ дар маҳбасҳои мардона рух медиҳад, тарснок аст. Тибқи маълумоти ман, занон инро таҷриба накарданд. Онҳо бо ман ба таври оддӣ рафтор мекарданд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG