Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025


Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ се бозии санҷишӣ анҷом дод.

Бозии аввали санҷишии футболбозони навраси тоҷик дар Дубай бо тими мунтахаби Каледонияи Нав бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Голро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Назриев ба самар расонд.

Дар бозии дуюми санҷишӣ футболбозони навраси тоҷик аз ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрданд.

Дар бозии снюми санҷишӣ 30-юми октябр дар Дубай дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17) аз тими Мексика (U-17) бо ҳисоби 0:1мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар барпо мегардад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «I» 5-уми ноябр бо тими Ҷумҳурии Чех, 8-уми ноябр бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 11-уми ноябр бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунад.

Бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ меёбад, инчунин дастаи мавқеъи сеюм бо беҳтарин натиҷа аз гурӯҳ боло хоҳад рафт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG