Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Батуренко: "Мекӯшем, ки дар бозӣ бо "Ал-Наср" ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем"


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26 муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар ҳайати он капитан ё сарвони тими миллии Португалия Криштиану Роналду бозӣ мекунад, анҷом медиҳад.

Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи «D» шаби чоршанбеи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Бозӣ соати 21:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 23:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад. «Истиқлол» дар ин бозӣ бо либоси сафед ва «Ал-Наср» бо пироҳанҳои зард ба майдон мебароянд.

Сардовари бозии “Ал-Наср” ва “Истиқлол” довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Ко Хюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад, ки қаблан дар мавсими 2023-2024 рақобати ин дастаҳоро ҳакамӣ карда буд.

Ба иттилои маркази матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”, футболбозони Душанбе, ки рӯзи 15-уми сентябр вориди Арабистони Саудӣ шуданд, дар шаҳри Риёз 16-уми сентябр тамрини худро дар майдони асосии бошгоҳи “Ал-Наср” доир намуданд.

Мураббии калони «Истиқлол» Юрий Батуренко ва сарвони даста Алишер Ҷалилов дар нишасти хабарии пеш аз бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё иштирок намуда, андешаҳояшонро дар бораи бозӣ бо “Ал-Наср” баён карданд.

“Мо ин бозиро бесаброна интизор будем. Бо дастаи одӣ не, бо тиме, ки дар ҳайаташ бисёр ситораҳои футболи ҷаҳонӣ ҳастанд, бозӣ мекунем. Аз ин рӯ, бозии шавқовару ҷолиб ва оштинопазирро чашмдорем. Мекӯшем, ки ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем”, - иброз дошт Юрий Батуренко.

Алишер Ҷалилов ба хабарнигорон гуфт, “Ал-Наср” дар ҳамин ҳол яке аз тимҳои беҳтарини Осиё мебошад. Бо чунин даста ҳаррӯз рӯбарӯ намешавем. Бинобар ин, дар майдон муқобили дастаи мизбон то охир мубориза хоҳем бурд.”

Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз «Ал-Наср»-и Риёз, ки дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, бошгоҳҳои «Ал-Завра»-и Бағдод аз Премйер-лигаи Ироқ ва «Гоа»-и иёлати Гоа аз Супер-лигаи Ҳиндустон мебошанд.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо тими "Ал-Наср" ду бозӣ анҷом дода буд. Душанбегиҳо дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бозиро дар майдони худ мусовӣ (1:1) карда буданд.

Дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 14 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф роҳ ёфт. “Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт. Ин даста барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан талош кард, вале ба орзуяш нарасид.

“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 7 имтиёз зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол карданд. Ин ду даста низ аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гаштанд.

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «D»

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

17-уми сентябр (чоршанбе)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

1-уми октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 3-юм

22-юми октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ)

Даври 4-ум

5-уми ноябр (чоршанбе)

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 5-ум

26-уми ноябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Даври 6-ум

24-уми декабр (чоршанбе)

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG